Назорати иҷрои қонун таъмин мегардад

Дар  қаламрави  шаҳру  деҳоти  Кӯлоб 5 комиссияи  доимӣ  оид  ба  танзими  анъана  ва  ҷашну  маросим  фаъолият  мекунад, ки яке аз онҳо комиссияи   доимамалкунандаи  назди  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри  Кӯлоб буда, 4-комиссияи дигар дар   назди  ҷамоатҳои  деҳот ҷойгир мебошанд. Ҳамчунин дар шаҳру  деҳоти Кӯлоб  153 комиссияҳои ҷамъиятӣ оид  ба  танзими  анъана  ва  ҷашну  маросим  фаъолият  намуда, онҳо  бобати  риояи талаботҳои  Қонун дар  байни  аҳолӣ ва  коллективҳои    меҳнатӣ  корҳои фаҳмондадиҳӣ мебаранд.

      Иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” таҳти  роҳбарии бевоситаи роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб  қарор дошта, аз ҷониби бахш вобаста ба қонуни мазкур корҳои муайян ба анҷом расонида мешвад.

      Аз ҷумла, аз  тарафи   кормандони  масъули мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб корҳои  ташвиқотию  тарғиботӣ  нисбати  пешгирии  харҷоти  беҳуда дар баргузории маъракаҳо  дар  байни  аҳолӣ  ба таври мунтазам идома дошта, маъракаҳо аз ҷониби кормандони бахш ва ҷамоатҳои деҳот дар китобҳои махсус қайд гардида, ба соҳибони маърака талаботи Қонун фаҳмонида шуда, тавсиянома низ пешниҳод мегардад. Ҳамчунин рафти баргузории маъракаҳо низ ба таври доимӣ назорат бурда мешавад.

          Дар соли сипаришуда 2957 маъракаи тӯйи домодиву арӯсӣ баргузор гардид. Шумораи  маъракаҳо дар маҷмуъ 2957 ададро  ташкил  дода,  хароҷоти умумии он 11828000 (ёздаҳ миллиону ҳаштсаду бисту ҳашт ҳазор) сомониро ташкил медиҳад.

      Оид ба  риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” кормандони бахш дар якҷоягӣ бо сармутахассисон оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими ҷамоатҳои деҳот корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда, зиёда аз 46 ҳолатҳои қонуншиканро пешгирӣ намуданд. Ҳамчунин 9 адад парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии мамурӣ дар суди шаҳр барои баррасӣ ирсол карда шуда, аз ин миқдор, 7 адади он бо қарори суд ҷаримабандӣ карда шудаанд.

             Таҷрибаи  корӣ  нишон медиҳад,  ки   ҳастанд  нафароне,  ҳоло  ҳам ба таассубкорӣ роҳ дода, бо худситоӣ ба  қонуншиканиҳо  даст  мезананд. Иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”  ҳатмӣ буда аз ҳар як фард тақозо мегардад,ки ба хотири фардои дурахшони фарзандони худ талабҳои онро иҷро  намояд.    

                                                                                  Бахши бойгонӣ-матбуотӣ       

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code