Бунёди толору майдончаҳои варзишӣ тақозои замон

  Дар шаҳру деҳоти  Кӯлоб сохтмони толору ва майдончаҳои варзишӣ аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва сохибкорони маҳаллӣ сол то сол зиёд шуда истодааст. Агар қиёс намоем, дар шаҳру деҳоти Кӯлоб дар соли 2010 ҳамагӣ 80 майдончаи варзишӣ, 37 толори варзишӣ ва 1 ҳавзи шиноварӣ фаъолият менамуд,имрӯз бошад  шумораи майдончаҳои варзишӣ ба 165 адад, толорҳои варзишӣ ба 69 адад ва ҳавзи шиноварӣ ба 4 адад афзуда,   толорҳои варзишии муассисаҳои олию касбӣ ва таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр аз таъмири ҷорӣ бароварда шуданд.

Имсол дар ҷамоати деҳоти Зарбдор  як толори варзишӣ,  як майдончаи варзишӣ, дар ҷамоати деҳоти Зиракӣ як толори варзишӣ ва панҷ майдончаи варзишӣ оид ба футбол  дар маҳаллаҳои Меҳнатобод, Чаманзор, Ҳакимобод, Меҳробод ва деҳаи Чорбоғи чамоати деҳоти Кӯлоб  бо сифати баланд сохта ба истифода дода шуданд.   Айни замон  сохтмони  5 толор ва 6 майдончаи хурд оид ба футбол  дар ҳудуди шаҳру ҷамоатҳои деҳоти Кӯлоб, аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ  идома ёфта истодаанд.                                                         

                                                                                                   Бахши бойгонӣ-матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code