Таҷлили Рӯзи энергетикҳо дар шаҳри Кӯлоб

Имрӯз санаи  20 декабр дар шаҳри Кӯлоб бо иштироки кормандони Шабакаҳои барқи минтақа ва шаҳри   Кӯлоб бахшида Рӯзи энергетикҳои Тоҷикистон  ҳамоиши муҳташам  баргузор гашт.

Дар ҳамоиш муовини раиси шаҳри Кӯлоб Пулод Ҳафизов баромад намуда,  аз ҷумла изҳор дошт, ки  дар замони муосир энергетика ба яке аз омилҳои муҳимтарине табдил ёфтааст, ки бидуни он рушди соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт ғайриимкон гардидааст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин нуктаро ба инобат гирифта, ба даст овардани истиқлолияти энергетикии мамлакатро яке аз ҳадафҳои стратегӣ эълон намуд ва барои ноил шудан ба истиқлолияти энергетикӣ тамоми тадбирҳои судмандро меандешад.

Дастоварди муҳими имсола ин дар фаслҳои тирамоҳу зимистон бе маҳдудият ба мардум додани барқ мебошад, ки қадами қатъӣ ба сӯи истиқлолияти энергетикии кишвар ба шумор меравад. Албатта, ин кор ба осонӣ муяссар нагардидааст. Зеро солҳои охир дар баробари рушду нумӯи соҳаи энергетика дигар соҳаҳои хоҷагии халқ низ рушд меёфтанд, аҳолӣ рӯ ба афзоиш меовард, сатҳи зиндагӣ боло мерафт, ки ин ҳама талабот ба барқро сол то сол зиёд мегардонид.

Болоравии  иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвари мо дар давраи соҳибистиқлолӣ беназир ва бесобиқа аст.

Дар ин росто нерӯгоҳхои азиме чун нерӯгоҳҳои барқи обии Сангтуда-1, Сангтуда-2, Помир-1 бо иқтидори 14 000 кВт,  нерӯгоҳи хурди обии ноҳияи Спитамен бо тавоноии 630 кВт, нерӯгоҳи хурди “Ҳазора-1”бо иқтитори 250 кВт дар ноҳияи Варзоб, нерӯгоҳи хурди “Андарбак”-и ноҳияи Язгулом бо иқтидори 300 кВт, нерӯгоҳи хурди Ширг-и ноҳияи Дарвоз бо иқтидори 1200 кВт, хати интиқоли барқи “Боткент Конибодом”, хати интиқоли барқи “Лолазор Хатлон”, хати интиқоли барқи “Ҷануб- Шимол” Тоҷикистон бунёд ёфтанд.

Аз ҷиҳати афзун будани  захираҳои энергетикӣ Ҷумҳурии азизамон дар миқёси олам яке аз ҷойҳои асосиро ишғол намуда, маҳз ҳамин омил барои бунёди неругоҳҳои барқӣ  боис гардид.

Бо шарофати сиёсати Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар такя бо   хиради азалии мардумамон 16 ноябри соли 2018 ба бунёди чархаи аввали  иншооти азими  Роғун даст задем.

Сипас дар ин  ҳамоиш аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимиятии давлатии шаҳри Кӯлоб ба фаъолони соҳаи энергетика ифтихорнома ва сипосномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб супорида шуд

                                                               Бахши бойгонӣ –матбуотӣ

 

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code