Марди роҳ ҳамсафари донишҷӯёни ДДК

Насли даврони истиқлолиятро дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳи тарбия намудан вазифаи ҳар як фарди чомеа мебошад. Дар тарбияи хештаншиносии ҷавон филми тарбиявӣ низ нақши созгор гузошта метавонад.

Маҳз ин гуфтаро дар филми ҳуҷҷатии «Марди роҳ» метавон пайдо намуд, ки ғояҳои баланди давлатдориву меҳанпарастиро таҷассум намудааст.  Филми  мазкур дар таҳияи  коргардони  варзидаи чумҳурӣ  Носир Саид рӯи кор омадааст, ки аз корнамоиву қаҳрамониҳои  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  муҳтарам Эмомалӣ Рахмон дар роҳи расидан ба истиқлолият  ва ваҳдати комили миллӣ  қисса менамояд.

Рӯзи 20 декабр дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабудуллоҳи Рудакӣ  филми ҳуҷҷатии «Марди роҳ» ба тамошо гузошта шуд, ки  донишҷӯёну омӯзгорони ин боргоҳи илму маърифат   аз он  дарси тарбиявию  маънавӣ  бардоштанд.

                                                      Бахши бойгонӣ-матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code