Озмуни Ҳақназархонӣ

Дар  муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №13 ва муассисаи томактабии №6-и ҷамоати деҳоти Зиракӣ бо иштироки устод Ҳақназар Ғойиб, адибон Лутфи Хомуш, Файзи Ашур,Сулаймон Султон,  Нуралӣ Яъкуб,  Одина Рахмон, Ҳуснигул Раҳимзода озмуни «Ҳакназархонӣ» доир карда шуд.

Хонандагон аз рӯи  10 номинатсия: саломнома, тарҷумаи ҳоли шоир, қироати шеър, суруди якка, рақси мардона, навозиш, навқалам,  суруди умумӣ   ҳунару истеъдоди худро  пешкаши ҳакамон гардониданд.

Бо назардошти сокини  ҷамоати деҳоти Зиракӣ  будани  устод Ҳақназар Ғоиб озмуни мазкур дар ҳама муассисаҳои  ҷамоати деҳоти Зиракӣ  доир карда шуда, пагоҳ ҷамбаст мегардад.

Бахши бойгонӣ- матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code