Қотилони абармард қотилони фарҳангу адабиётанд

Қатлу куштори равшанфикрону зиёиёни кишвар дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва баъди ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ низ барои Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ ба як амри маъмулӣ табдил ёфта буд. Бо супориши кишварҳои маълум дар ин муддат шахсиятҳои бузурге ба монанди Муҳиддин Олимпур ва даҳҳо тани дигар, ки ҳамчун зиёиёни воқеӣ дар ҷомеа шинохта мешуданду монеи низоъҳои дохилӣ буданд, нобуд карда шуданд.

Рӯзноманигор Муҳиддин Олимпур дар муковиматҳои дохилии ҷумҳурӣ, ки аз ягон гурӯҳи сиёсӣ пуштибонӣ намекард, аммо натавонист аз  рӯйхати сиёҳи душманони миллат дур бимонад. Ба ҷони ӯ санаи 12-уми декабри соли 1995 сӯиқасд анҷом дода шуд. Баъдтар чанд нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба иттиҳоми даст доштан дар қатли ин хабарнигор муҳокима ва зиндонӣ шуданд. Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2003 Адҳам Тоиров ва Назрибек Давлатовро ба қатли Муҳиддин Олимпур гунаҳкор дониста, аз озодӣ маҳрум кард. Вобаста ба ҳамин ҷиноят соли 2007 шаҳрванди дигари Тоҷикистон Аслам Усмонов ба муҳлати 15 сол аз озодӣ маҳрум шуд. Насрулло Шарифов баъди куштори Олимпур ба Русия фирор кард. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия ӯро дар шаҳри Санкт – Петербург барои ҷинояти сангине ба муҳлати 7 сол ҳабс намуданд. Сипас, мувофиқи дархости Прокуратураи генералии Тоҷикистон Насрулло Шарифов ба мақомоти дахлдори ҷумҳурӣ супорида шуда, равонаи зиндон гардид. Тибқи нишондоди шоҳидон супориши куштани Олимпурро яке аз фармондеҳони саҳроии дастаҳои ҷангии Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ Нозим Юсуфов бо тахаллуси «Эшони Нозим» дода будааст.

Қотилон, ки аз фарҳангу сиёсат, адабиёту маънавиёт фарсахҳо дур буданд, хунсардона даст ба кор шуданд. Тавре маълум гардид, бо супориши Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ гурӯҳи ҷиноятпеша бо автомашина ба назди хонаи Муҳиддин Олимпур омада, ба таври маҷбурӣ ӯро дохили автомобил намуданд. Хунхорони наҳзатӣ мошинро то назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ронда, ӯро аз мошин пиёда намуданд. Насрулло Шарипов, ки фармони марги ӯро гирифта буд, аз пушт ба ин абармард ду тир холӣ кард. Тани Олимпур ба замин афтод. Дигар бе ҳаракат рӯ ба замин хоб буд. Ҷинояткорон ба хотири пӯшонидани ҷинояти худ тани беҷони Муҳиддини Олимпурро ба лаби дарё партофта, аз онҷо ғайб заданд. Субҳи дигар ҷасади ин журналисти машҳурро дар лаби дарёи шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон пайдо карданд.

Муҳиддин Олимпурро аксарият пеш аз ҳама ҳамчун аккос мешиносанд. Лоиқ Шералӣ гуфта буд: «Олимпур ба ҷаҳон ба чашми дил менигарист. Бо чашми сар ва дурбин аз он акс мебардошт». Ӯ давоми фаъолияти эҷодияш акси садҳо инсонҳои некном ва фарҳангии дунёи илму адабро бардоштаву дар як муддати кӯтоҳ ба унвони беҳтарин аккос муаррифӣ шуд.

Дар солҳои гуногун дар нашрияҳои «Комсомоли Тоҷикистон», «Адабиёт ва санъат», ҳамзамон ба ҳайси тарҷумон дар Афғонистон, мудири бахш дар оҷонси давлатии иттилоотии АМИТ «Ховар»  ва сар аз соли 1990 то замони кушта шудан ба ҳайси мудири бахши душанбегии радиои  Би-би-си (ВВС) фаъолият кардааст. Муаллифи силсилаи барномаҳои радиоиву телевизионӣ ва ду китоб, аз ҷумла «Мехоҳам акос бошам» ва барандаи Ҷоизаи Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон ба номи Лоҳутӣ буд. Ӯро мубаллиғ ва посдорандаи фарҳанги тоҷик, рассом, аккос, публитсист ва журналисти ғуррамарг ном мебаранд.

Дар замони ҷанги шаҳрвандӣ Муҳиддини Олимпур аз вазъи нобасомони дохилӣ акс мебардошт. Аксҳояш симои ӯро ҳам нависанда, ҳам публитсист ва ҳам журналист муаррифӣ мекарданд. Барои ояндагон, барои он ки мардум аксҳоро бинанду худ қазоват кунанд ва дар пеши таърих ба гунаҳкорон нафрат фиристанд, тасвирҳои гуногун мекард. Тасвирҳои холис, бетараф, озод ва бозгӯкунандаи ҳолати ҳамон давр. Ҳамин диди нав боис гашт, ки Олимпур бо садҳо тани дигар аз дасти ифротиҳо ба қатл расонида шаванд.

Дар осори Муҳиддин Олимпур васфи дӯстиву рафоқат бо намояндагони илму адаб, арзишҳои башарӣ, муқаддасоти инсонӣ ва арҷгузорию посдории фарҳанги миллӣ мақоми хос дошт. Дар эҷоди публитсистии ӯ мавзӯи дӯстӣ яке аз мавзӯъҳои аввалиндараҷа буда, мавқеи марказии онро ишғол мекард. Олимпур ба инсоният бо чашми дӯстӣ назар карда, башариятро ба худ дӯст мешуморид. Барои гурӯҳҳое тараннуми дӯстӣ хуш намеомад. Аз ин рӯ, Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ танҳо бо мақсади расидан ба манфиатҳои гурӯҳӣ аҳли зиёии худро саросар ба қатл расонду кишвари тоза ба истиқлолиятрасидаро вориди ҷанги шаҳрвандӣ намуд.

Салмон С.,

муҳаққиқ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code