Кӯлоб. Хобгоҳи нуҳ ошёна

 

 

 

 

 

 

Дар ҳавлии коллеҷи тибии шаҳри Кӯлоб хобгоҳи замонавӣ бо шароитҳои муосир  барои 700 ҷой бунёд шуда истодааст. Фармоишгари ин иншооти муҳташам Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии  Тоҷикистон  буда,  КВД Идораи таъмиру васлкунии назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии  Тоҷикистон  сохтмони хобгоҳро ба ӯхда дорад. То имрӯз таҳхона ва ошёнаи якуми бино аллакай ба итмом расонида шуда, сохтмон дар ошёнаи дуюми бино  идома ёфта  истодааст. Имрӯзҳо 17 нафар сохтмончиёни маҳаллӣ дар сохтмони хобгоҳи мазкур  ширкат намуда истодаанд.

 Бо бунёд ёфтани хобгоҳи наву замонавӣ донишҷуёни коллеҷ аз хобгоҳи  пештара ба хобгоҳи наву замонавӣ  мегузаранд.

                                                                  Бахши бойгонӣ -матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code