Тоҷикистон макони рекламаи сатру ҳиҷоби аҷнабиён нест

Дар расонаҳои хабарӣ баҳсу мунозираҳо оид ба пешниҳоди Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати аз ҷониби занони тоҷик напушидани либоси ба фарҳангу миллати мо бегона, аз ҷумла сатр ё русарӣ зиёд ба назар мерасад. Банда ҳам вобаста ба ҳолати ба амал омада мехоҳам фикри ақидаҳои худро пешниҳод намоям.

Бояд қайд намуд, ки мо мардуми тоҷик расму анъанаҳои худро ҷиҳати пушидани либоси миллӣ вобаста ба минтқаҳои кишварамон аз солҳои пешин доштем ва ин анъанаҳои гузаштагони мо то барҳамхурии собиқ Иттиҳоди Шуравӣ амал мекард. Баъди соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кушода шудани  рафту омади шаҳрвандони мо ба хориҷи кишвар аллалхусус ба давлатҳои мусалмонӣ, аз тарафи занони тоҷик пушидани либосҳои ба миллати мо бегона сатру ҳиҷоб ба қавле  «муд» шуд.  Саволе ба миён меояд, ки чаро занони давлатҳои мусалмонӣ либосҳои миллии мардуми тоҷикро ба бар накарданд?. Ҳол он ки вобаста ба минтақаҳои Тоҷикистон занони тоҷик ҳам сифр либосҳои миллии мусалмониро ба бар мекунанд ва ин анъана аз бибию модарони мо то кунун ба мерос мондаанд, онҳо низ худро мусалмон меҳисобиданд аз рӯи талаботҳои шариати ислом либос мепушиданду мепушанд.

Ба ақидаи банда занони ба ном «занҳои тоҷики нави мусалмон» бо ин роҳ мехоҳанд худро реклама карда ба атрофиён нишон бидиҳанд, ки гуиё онҳо ҷаҳонгаштаанду дунёро дидаанд ва бояд чунин тарзи либосҳоро ба бар намоянд. Вале бехабар аз онанд, ки бо ин восита таърихи худро анъанаҳои бибию модарони гузаштаашонро поймол карда ба рекламаи сатру ҳиҷоби ба мардуми тоҷик бегона машғул шуда ба соҳибкорони ин давлатҳо миллионҳо маблағҳои пулӣ фоида меоранд. Оё занони муҳтарами мо медонанд, ки барои соҳибкорони давлатҳои исломӣ талаботҳои шариати ислом  муҳим нест, муҳим онаст, ки онҳо бояд аз камсаводӣ ва бефарҳангии мо истифода бурда ин либосҳои гаронарзиши бесифатро ворид сохта бо ин роҳ ҷайби худро пур кунанд. Аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ танҳо бо мақсади пешгирӣ намудани  пушидани либосҳои бегонаи сатру ҳиҷоб аз тарафи занони тоҷики мо мебошад ва то ҳол ягон далел ба қайд гирифта нашудааст, ки аз ҷониби мақомотҳои дахлдор русарии зани тоҷик ба зӯрӣ гирифта шуда бошад. Модарону хоҳарони мо бояд ба ин масъала диққати ҷиддӣ диҳанд ва барои равнақи расму анъанаҳои бибиву модарони гузаштаи мо вобаста ба пӯшидани сару либоси миллӣ кушиш ба харҷ диҳанд на балки сатру ҳиҷоби барои мардуми бегонаро тақлидкорӣ кунанд.

Аммо баъзе аз занону мардони бехираду каҷфаҳми   мо, дар мисоли Воҳидова Ф. ва С.Садриддин дар сомонаҳои иҷтимоӣ оиди масъалаи мазкур ба баҳсу мунозира пардохта, масъалаи мазкурро аз ҷиҳати сиёсӣ баҳо дода истодаанд.   Яке аз инҳо Файзинисо Воҳидова мебошад, ки дар сомонаи интернетӣ мақолаи ӯ вобаста ба ин масъала ба чоп расидааст. Охирин қайд кардааст, ки «Агар воқеъан ин тасмими давлат ҷиддӣ аст, пас чунин маҳдудкуниҳо дағалона вайрон кардани ҳуқуқи занон ба озодии интихоби либос ва озодии эътиқод ба хисоб меравад…». Ба ақидаи ман Ф.Воҳидова, ки худ дар умрашон ягон маротиба  сатру ҳиҷоб он тараф истад  либоси миллии тоҷикиро дуруст ба бар накардааст,  ба қавле «аз пашша фил сохта»,  бо ин восита мехоҳад худро дар байни занон ҳамчун «ғамхор» нишон бидиҳад. Аммо мардум аллакай аз ҳилаю найранги ин бону хабардоранд ва ба суханпардозию  сафсатабозии ӯ эътибори ҷиддие  намедиҳанд.

Ҳамзамон,  Воҳидова Ф. ва С.Садриддин бояд донанд, ки занони бошарафи тоҷик дар давраи Иттиҳоди Шуравӣ ва ҳоло низ бо либосҳои миллӣ, бо руймол ба кор мераванд ва аз ҷониби ягон роҳбари корхона ё шахси масъул далели  аз сар гирифтани руймоли коргарзан  ба қайд гирифта нашудааст.   Барои ҳамин лоф задани чунин ашхос аккос задани сагро мемонад ва мардуми сарбаланди тоҷик ҳеҷ гоҳ ба ақидаҳои онҳо фирефта намешаванд.

Дар охир чунин қайд карданиям, ки бо мақсади ба танзим даровардани пушидани либоси миллӣ, пешгирии ба бар кардани либосҳои ба занҳои мо бегона, аз ҷумла сатру ҳиҷоб, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гаштани чунин қонуни ба танзимдароваранда айни муддаҳо буда, ташаббускори ин қонун низ модарону хоҳарони бофарҳангу  миллатдӯсти тоҷик, ки аз расму оин ва таърихи бойи худ огаҳи доранд,  ба ҳисоб мераванд ва Тоҷикистон макони рекламаи сатру ҳиҷоби бегонаи  аҷнабӣ нест.

Парвини Олимдухт, соҳибкор

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code