Тарбия дар мадди аввал

Имрӯз, ки мо дар замони нав, замони тарақиёти илм ва рушди  тамоми соҳаҳои иҷтимоӣ- иқтисодӣ қарор дорем, бояд баҳри тарбияи насли наврас кушиш намоем, то ки созандагони ояндаи ҷамъиятро  дар руҳияи ватандӯстию, ватанпарастӣ, пойдории сулҳу ваҳдат ба воя расонем. Зеро дар ҳар сарзамине, ки таълиму тарбия хуб ба роҳ мононда шуда бошад, албата дар он мамлакат тараққиёти илму маърифат ҳам аз ҷиҳати иқтисодӣ ва ҳам аз ҷиҳати амалӣ  куллан афзалият пайдо менамояд .

Таълиму тарбияи ҳар як кӯдак дар мадди аввал ба маърифати баланди ҳар як  падару модари ғамхор  вобастагии калон дорад.

Ҷамъияти солим аз насли солим ташаккул ёфта  пойдории он аз муташакилона кор бурдани ҳар як падару модар нисбати фарзанди хеш ибтидо мегирад.

Кӯдакон мисли ниҳолҳои боғи зиндагианд ва баҳри парваришу ба воя расониани онҳо заҳмати шабонарӯзӣ бояд кашид.

Баҳри парвариш ва бузург намудани ниҳолаке албата солҳои тулонӣ лозим аст. Агар барои парваришу сабзонидани ниҳол об, гармӣ ва  офтоб зарур бошад барои кӯдак меҳри содиқадона ва орифонаи волидайн ниҳоят зурур аст.

Бо дасти муҳаббат сари фарзанди хешро сила намудан, бо ақли расо ӯро ба роҳи ростию росткорӣ роҳбаладӣ намудан вазифаи ҳар як падару модар аст.

Бешак гуфтан лозим аст, ки устоди аввалини мо падару модар ба шумор меравад ва ҳарфи аввалине, ки ба забон меорем, қадамҳои аввалине, ки ба мо шавқ дар  замини орзуҳои хеш мегузорем бо кумаку дастгирӣ  ва ақли волидайн аст.

Дар ин бораи  Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле хуб қайд кардаанд :

 «Масъалаҳои маърифати оиладорӣ, баланд бардоштани масъулияти падару  модар дар таълиму тарбияи фаранд, омода кардани фарзандон ба ҳаёти мустақилона ва пойдории оила аз ҷумлаи масъалаҳое мебошад, ки диққати доимии тамоми мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таҳсилотӣ ва кулли аъзои ҷомеъаро тақозо мекунад».

Дар ҳаққиқат имрӯзҳо дар ҷамъият коста гардидани тарбияи фарзандон чашмрас мебошад.

Аз ин рӯ аз падару модарон талаб карда мешавад, ки масъулияти ба душ доштаашон- тарбияи фарзандонро хуб ба роҳ монанд, зеро огоҳ будан аз рафтору кирдори кӯдакон ҳар лаҳза ҳушдор шудан аз ҳар як мақсаду ҳадафи онҳо ҳам фарз ва ҳам қарзи ҳар як падару модар аст.

Чуноне, ки дар урфият мегӯянд «Илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ» – яъне то он даме, ки фарзандони мо ба ягон кори ношоям даст мезанад, мо дар назди халқу ҷамъият ва Ватани хеш ӯҳдадорем  ки қадами ноҷои онҳоро пешгирӣ намоем.

Дар банди 7-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», оварда шудааст, ки падару модарон уҳдадоранд, ки барои  вазъи саломатию инкишофи ҷисмонӣ, маънавӣ ва ахлоқии онҳо ғамхорӣ намоянд.

Инчунин дар моддаи 12-и ҳамин Қонун гуфта шудааст, ки дар ҳолати иҷро нагардидани уҳдадориҳое, ки дар қонуни мазкур пешбини шудааст падару модарон мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.

Ташвишовар аст, ки имрӯзҳо фарзандони мо бо дастаи ифротгароён ҳамроҳ шуда хотири падару модар ва ҷомеаро  озурда месозанд ва гунаҳкори воқеаҳои ғайричашмдошт гардида, ба мамлакатҳое, ки  зери дасти ғоратгарони ҷону моли мардуми бегуноҳ гардидаанд, роҳ меҷӯянд.

Онҳо ба фикри шахсони номатлуб ҳамроҳ шуда, номи худ ва номи қавму хешовандонашро доғдор месозанд. Бинобар ин ба ҳамаи ҷавонони сарамзамини Тоҷикистон муроҷиат намуда гуфтаниям, ки ба қадри озодию тинҷию оромии Тоҷикистони азизамон расида бошанд.

Сулҳу ваҳдатро пешаи кори худ намуда нангу номуси халқи тоҷикро поймол насозанд ва кӯшиш намоянд, аризшҳои миллатро пос доранд. Баҳри ободии ин кишвари биҳиштосоямон бо падарони қаҳрамонамон паҳлу ба паҳлу истода кору фаъолият намоянд.

Падару модаронро мебояд  ҳушёриро аз даст надода, баҳри тарбияи фарзандони хеш кушиш намуда, онҳоро баҳри содиқ будан ба халқу Ватан роҳбаладӣ намоянд.

Ҳусайн Воизи  Кошифи дар китоби «Ахлоқи Муҳсин»- и худ менависад, ки «Беҳтарин  сармоя ва хуштарин риояи мурод таҳсили адаб аст». Аз ин маънӣ маълум мешавад, ки омӯзгорони ахлоқи мо таълиму тарбияи фарзандро авлотарин амал мешумориданд. Бинобар ин падару модадарон таълиму тарбияи фарзандонро  зери назорати доимӣ қарор диҳанд.

Неъмат Ҳабиб- омӯзгорӣ ДДК ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ

 

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code