Аз Паём то Паём

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб  оид ба иҷрои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018  чораҳои зарурӣ андешида, вобаста ба ин масъала қарори раиси шаҳр ба тасвиб расида, нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб таҳия ва тасдиқ гардид.

Тибқи  нақшаи чорабиниҳои  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва ҷадвали гузаронидани вохӯриҳо аз ҳисоби кормандони мақомоти иҷроия, вакилони маҷлиси вакилони халқи вилоят ва шаҳр, олимону донишмандон, роҳбарони муассисаҳои олӣ ва миёнаи махсус, шоирону нависандагон,  гурӯҳхои корӣ таъсис дода шуда, бо колективҳои меҳнатӣ, донишҷӯён, сокинони хонаҳои баландошёна,   маҳаллаҳо, ҷамоатҳои деҳот бобати Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон суҳбату вохӯриҳо доир карда шуд.

Дар муассисаву ташкилотҳо оид ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаву лавҳаҳои таблиғотӣ ташкил гардида, тавассути «Телевизиони Кӯлоб»  бо ҷалби иқтисодчиён ва  олимону донишмандон мизҳои мудаввар баргузор карда шуд.

Барои таҳким бахшидан ба корҳои ободонию созандагӣ аз ҳисоби кормандони дастгоҳи раиси шаҳр, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб  гурӯҳхои корӣ таъсис дода шуда, ҷамоат маҳалла ва деҳаи беҳтарин муайян гардида,  ғолибон дар арафаи таҷлили 27-солагии  ҷашни Истиқлолияти давлатӣ бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз  карда шуданд.

Дар партави Паём ва фармони Президенти    кишвар ва дар заминаи нақшаи мушаххаси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20-январи соли 2018 таҳти № АП 992 дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб нақшаи муайян тартиб дода шуда, дар доираи нақшаи зикргардида дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб рӯзи 19.01.2018 дар мавзӯи «Эҳёи ҳунарҳои мардумӣ- рушди зиндагии шоиста» конференсияи илмӣ амалӣ бо иштироки роҳбарони ташкилоту муассиса ва фаъолони шаҳр баргузор гардид. Пеш аз оғози кори конфронс намоиши ҷолиби ҳунарҳои мардумӣ пешкаши иштирокчиён гардонида шуд.

Иштирокчиён дар мавзӯҳои «Фарҳанги либосдории тоҷикон», «Саҳми Муҷтамаи Ҷумҳуриявии осорхонаҳои Кӯлоб дар тарғибу ташвиқи ҳунарҳои мардумӣ дар даврони Истиқлолияти давлатӣ», «Дурнамо ва монеъаҳо дар рушди туризм дар минтақаи Кӯлоб», «Рушди туризм—асоси пешрафти иҷтисодиёти минтақаҳо» маърузаҳои   ҷолибу хотирмон пешкаш карданд.

Аз 13-ум то 27-уми феврали соли равон байни муҳассилини ДДК ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб, коллеҷҳои тиббӣ, омузгорӣ, милитсия, иқтисодӣ—техникии ғайридавлатии шаҳри Кӯлоб, Раёсати маорифи шаҳри Кӯлоб озмуни шаҳрии «Зан—олиҳаи ҳунар» дар сатҳи баланд баргузор карда шуд, ки дар он хонандагон маҳорати баланди ҳунармандии худ аз қабили дӯзандагӣ, шерозбофӣ, зардӯзӣ, заргарӣ, омода намудани анвои гуногуни хурокҳои миллиро нишон дода тавонистанд.

Ҳамзамон дар «Кохи Ватан»-и маркази вилоят Форуми  занони ҳунарманди вилоят баргузор гардид, ки  дар он соҳибкорзан Сафарова Мавҷуда, ғолиби озмуни «Соҳибкорзани муваффақи сол» гардида, бо ифтихорнома ва ҷоизаи озмунӣ қадрдонӣ карда шуд.

Ҳамзамон моҳи марти соли равон дар ҷамоатҳои шаҳри  Кӯлоб озмуни шаҳрии «Нонпази беҳтарин» гузаронида шуд, ки занони ҳунарманди кӯлобӣ ҳунару маҳорати баландашонро нишон дода тавонистанд.

Бояд қайд намуд, ки дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру деҳоти Кӯлоб баргузор гардидааст, аз ҷумла дар муассисаи таҳсилоти миёнаи №11 санаи  18-уми феврал озмунҳои «Кадбону» ва «Дӯзандаи беҳтарин» шуда гузашт, ки Абдуллоева Шафоат хонандаи синфи 8 «б» ва Рукминаи Муқим хонандаи синфи 10 «а» сазовор ҷойҳои  ифтихорӣ гардиданд. Хонандаи ҳамин мактаб Абдуллоева Ибодат низ дар пешниҳоди «Либосҳои миллӣ» ҷои намоёнро ишғол намуд.

 Инчунин  дар муассисаҳои таълимии №№  14, 20, 21, 9, 25 озмунҳои «Хӯриши беҳтарин», «Зуволабури беҳтарин»”, «Кокулбофи беҳтарин» баргузор гардида, ҳунармандони ҷавону болаёқат кашф гардиданд.

 Дар аксар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи шаҳру деҳоти Кӯлоб бахшида ба соли «Рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» маҳфилҳои наттоқӣ, сарояндагӣ, бофандагӣ, дӯзандагӣ, шерозбофӣ, адрасбофӣ, кандакорӣ, рассомӣ, пазандагӣ, навозандагӣ эҳё гардиданд. Гузаронидани чунин озмуну маҳфилҳо агар аз як тараф баҳри худшиносии муҳассилин таъсири мусбат расонад, аз тарафи дигар дар ниҳоди  наврасону ҷавонон масъулият ва муҳаббат ба ҳунару ҳунармандиро бедор менамояд.

Дар соли “Рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” бо мақсади ҳавасмандгардонии аҳолӣ ҷиҳати истеҳсоли молҳои ниёзи мардум дар хона ва рушди ҳунарҳои мардуми аз 1-уми январи соли 2018 фурӯши чунин молу мавод аз пардохти ҳамаи намудҳои андоз озод карда шуд. Таи ду– се соли охир таваҷчӯҳи бонувон ба бофандагию  дӯзандагӣ ва  пазандагӣ бештар ба назар мерасад. Хусусан дар маҳфилҳо ва дар дарсҳои технологияи касбу ҳунар кӯшиш мекунанд, ки намунаи маҳсулоти муосирро бо гулдӯзӣ ва нақшу нигори тоҷикӣ дар шакли нав нишон диҳанд, то шогирдон завқи бештар пайдо намуда ҷаҳонбиниашон равшану тозатар гардад, ва кори хуби ҳунарҳои онҳо дар назди хонандагон қадр карда шавад, алббата ин дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дида мешавад.

     Дар марказҳои саломатии ҷамоати деҳоти Даҳана ва Зарбдор чорабиниҳои хотирмон бахшида ба «Рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» баргузор гардид. Дар ин чорабиниҳо озмунҳои «Чакандӯзи беҳтарин», «Нонпази беҳтарин», «Кадбонуи беҳтарин», «Ошпази беҳтарин» ва амсоли ин баргузор гардид. Ғолибони озмунҳо бо туҳфаҳо сарфароз гардонида шуданд.

    Дар қасри фарҳанги ҷамоати деҳоти Кӯлоб кормандони Маркази саломатии ҷамоати деҳоти Кӯлоб як силсила чорабиниҳо аз қабили «Чакандӯзӣ», «Нонпази беҳтарин», «Гулпарвари беҳтарин», «Ошпази беҳтарин», ва ғайраҳо баргузор карда шуд, ки дар баробари кормандони соҳаи тандурустӣ истиқоматкунандагони ин ҷамоат низ фаъолона ширкат варзиданд.

Метавон гуфт, ки дар ҷамоатҳои деҳоти  шаҳр дар самти муаррифии ҳунарҳои мардумӣ ва рушди сайёҳии кишвар ба дараҷаи муайян корҳои амалӣ ба анҷом расонида шудааст. Дар ҳудуди шаҳр ва ҷамоатҳои деҳоти Кӯлоб, Зиракӣ ва Даҳана таи чанд даҳсола аст, ки ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ва маконҳои диданӣ побарҷо буда, дар ин ҷо ташкил намудани инфросохтори рушди сайёҳӣ имконпазир мебошад. Дар Осорхона ва оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Осорхонаи 2700-солагии Кӯлоб, Хона-музейи шоир ва ҳофизи халқӣ Сайдалӣ  Вализода, Осорхонаи ҳунармандони шаҳр, қасри фарҳанг, амфитеатр, варзишгоҳ, боғи Ғалаба ва амсоли инҳо шароитҳо дар ҳолати хуб   қарор доранд.

Бо назардошти он ки  бо ташаббуси  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  рӯзи 29 ноябр дар ҷаласаи солонаи  Кумитаи ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО  чакан ба рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии башарият ворид карда шуд, санаи 5 декабр дар шаҳри бостонии Кӯлоб маъракаи муҳими сиёсиву  фарҳангӣ, таҳти унвони «Базми чакан»  баргузор гашт.

Дар саҳни толори Қасри фарҳанг аз ҷониби ҳунармандони чакандуз, муассисаҳои таълимии оливу миёнаи махсус ва миёна  намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ , бахусус намоиши  ҳунарҳои  чакандӯзони чирадасти кӯлобӣ аз қабили курпаву болишт, тоқиву   унсурҳои гаҳвора, куртаву чодарҳои  арусӣ, бардевориҳо, ҳунарҳои дуредгарӣ   ва анвоъи  хурокҳои миллӣ ба  намоиш гузошта шуд.

                                                               

                                                                        Бахши бойгонӣ-матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code