Таъмиру бунёди иншоотҳои иҷтимоӣ дар арафаи ҷашни 30-солагии Истиқлолият

Бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру деҳоти Кӯлоб таъмиру бунёди  як зумра иншоотҳои иҷтимоӣ дар назар дошта шуда аст. Бахусус бунёди 2 беморхона, 13 бунгоҳи тиббӣ, 4 маркази тиббӣ, 4 таваллудхона,  4 нуқтаи хатнакунӣ, 33 дорухона, 22 толори варзишӣ, 5 майдончаи бозии кӯдакон, 16 муассисаи томактабӣ,  25 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 6 китобхона, 1 қасри фарҳанг,  таъмири 7 муассисаи томактабӣ,  30 муассисаи таҳсилоти умумӣ, 16 китобхона, 4 қасри фарҳанг, 7 боғи фарҳангӣ, 12 гулгашт, 7 беморхона, 17 бунгоҳи тиббӣ, 5 маркази тиббӣ, 1 таваллудхона, 12 нуқтаи хатна, 7 дорухона, 4 толори варзишӣ, 9 майдончаи варзишӣ   ба нақша гирифта шудааст.

Имрузҳо дар шаҳру деҳоти Кӯлоб  бунёди  9 муассисаи томактабӣ,  11 муассисаи таҳсилоти умумӣ, 1 беморхона, 6 бунгоҳи тиббӣ , 2 маркази тиббӣ, 2 таваллудхона, 4 нуқтаи хатнакунӣ, 12 дорухона, 10 толори вазишӣ, 13 майдончаи варзишӣ, 5 майдончаи бозии кӯдакон  идома дошта,  таъмири 2 муассисаи  томактабӣ,  2 китобхона, 2 қасри фарҳанг, 11 гулгашт, 1 беморхона, 1 маркази тиббӣ, 10 нуқтаи хатна,  7 дорухона, 1 толори варзишӣ  рафта  истода аст.

                                                                Бахши бойгонӣ-матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code