Изҳороти беасос (Ҷавоб ба Кумитаи зиндониёни эҳтимолӣ)

Кумитаи ба ном зиндониён аз тақдири Наимҷон Самиев бо лақаби Наими Каҷ изҳори нороҳатӣ кардааст, ки гӯё дар Россия боздошт ва ба Тоҷикистон оварда шудааст. Чанд далели маҳкам барои ин изҳороти бесару нӯг:

  1. Ҷойи ҷинояткор маҳбас аст, ин ибораи маъмули филми шуравӣ, ҳолати мавчуда ва боздошти Самиевро, ки яке аз афроди калидии ҳизби мамнуъ мебошад, ифода мекунад.
  2. Дар дили кишварҳои пешрафта ҷой гирифта, ҷони худро халос карда, аъзои ин Кумита он қадар ғамхору ғамгусори аъзои ҳизб шудаанд. Бехабар аз он ки давидани буз то каҳдон аст.
  3. Кумитаи шубҳаангези зиндониён, чун худро дар нақши маҳбусони оянда мебинанд, заминаи озодшавиро осон мепиндоранд, иғво меангезанд.
  4. Хитоиҳо масали хубе доранд, ки ин тавр садо медиҳад: «мубориза бо ҷинояткорон бо дастпӯши мулоим номумкин аст». Ҳикмати ин мақол дар оштинопазир будан бо бемории ҷомеа, ки ҷинояткорон ба он мубтало ҳастанд, ишора мекунад.
  5. Наимҷон Самиев кист? Чаро ӯ боздошт шудааст? Сомонаи ифротиҳо танҳо ба аъзои ҳизб будани ӯ ишора доранд. Ҳоло он ки Самиев таъмингари асосии ҳизб бо қувваи чангӣ ва фиристандаи тарафдорони тероррист ба Европа мебошад. Ӯ хонаеро дар Россия  иҷора гирифта, амалан онро ба пойгоҳи интиқоли аъзоёни фирорӣ табдил додааст. Маълум мешавад, ки ба соддалавҳие ки ба мақомоти кишвари иқомат хос аст, ба ҳилаи шаръии ин аслбохтаҳо  бовар карда, ин террористро раҳо кардаанд. Ҳеч гап не, имрӯз раҳо карданд, фардо ҳатман боз боздошт мекунанд.
  6. Вақте ин хабарро менавиштем, иттилоъ расид, ки дар Россия аъзои дигар, яке аз фаъолони ҳзиби мамнуъ-ро дастгир карданд. Кори давлатдорӣ ба яку ду рӯз ба охир намерасад. Боздоштҳои ҷинояткорон идома дорад.
  7. Охири солҳои 80-уми асри 20, интеллигентсияи ҳушёр ва бедори кишварҳои пасошӯравӣ, дар сатҳи минтақа ва чаҳон барои  ёфтани роҳҳали буҳронҳои иқтисодӣ, стратегӣ ва ҳарбӣ ҷонканӣ мекарданд. Дар назди роҳбарияти вақти Шуравӣ масъалагузорӣ менамуданд, имтиёз металабиданд. Акнун, таззоди мантиқро бинед:  Оппозитсияи домулломеҳвари ҶТ ба зиддиятҳои миллӣ ва маҳаллӣ доман мезаданд, вазъиятро ба нооромӣ меоварданд ва артише ки бо тамоми абзораш бо ду дасти адаб бояд дар ихтиёри ҶТ қарор мегирифт, як унсури нодаркор барои давлат медонистанд.
  8. Мо насли имрӯза ҳарчанд аз дини бобоии худ пайравӣ мекунем, уқдаи касбӣ ба муллоҳои сиёсатзада дорем. Намегузорем, ки дигар ин тоифа маҷол ёбанд то Ватанро дубора хароб кунанд. Овози дуҳул аз дур хуш аст. Бигзор дар куҷое мегарданд, гарданд, мо онҳоро пайдо ва ба панҷаи қонун месупорем.

Сарбадори Меҳандӯст, таҳлилгар

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code