Кӯлоб. Ҷамъбасти Озмуни ҷумҳуриявии “Китобхони беҳтарин”

SAMSUNG DIGITAL CAMERA

Бо мақсади сазовор таҷлил намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин барои баланд бардоштани сатҳи маърифатнокию маълумотнокии ҷавонону наврасон, рушди соҳаи китобдорӣ, ҷалби оммаи мардум ба китобу китобхона ва тарғиби тарзи ҳаёти солим бо ташаббуси  бевоситаи  Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии “Китобхони беҳтарин” дар ду давр эълон гардида буд. Даври аввали Озмун дар китобхонаҳои марказӣ  ва муассисаҳои таълимии шаҳру навоҳии минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон баргузор гардид. Санаи 14.12.2018  дар толори барҳавои Муассисаи давлатии “Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Кӯлоб” даври  ниҳоии Озмун ҷамъбаст  гардид.

Дар  Озмун хонандагони фаъоли  муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ  ва  китобхонаҳои шаҳру навоҳии минтақаи Кӯлоб   ширкат варзиданд.

Озмун аз рӯи 5-номинатсия: хонандагони синфҳои 1-4 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ; хонандагони синфҳои 5-11 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ; донишҷӯёни муассисаҳои миёнаи махсус; донишҷӯёни донишгоҳ ва донишкадаҳои олӣ; роҳбарони хониш-намояндагони аҳли ҷомеа,  муайян карда шуд.

Дар қисмати ҷамъбастӣ ғолибон ва иштирокчиёни фаъол бо “Диплом”, “Ифтихорнома” ва  тӯҳфаҳои хотиравии таъсис намудаи Муассисаи давлатии “Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Кӯлоб” сарфароз гардонида шудаанд.

 Директори  Муассисаи давлатии

 “Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон

 ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Кӯлоб” –  Обидов С.Р.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code