Шаҳрванди фахрии шаҳри Кӯлоб

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Шеър чун хун дар рагу шарёни миллати озодманиш ва овозадори тоҷик ҷорист. Миллати тоҷик ҳазорсолаҳост, ки адабпарвару адабиётдӯст асту кӯдаки навзоди тоҷик  ҳанӯз  дуруст забон набароварда бо шеваи ширини хеш шеър мехонад. Маҳфили адабие, ки ба хотири 55-солагии шоири халқии Тоҷикистон, барандаи ҷоизаи ба номи Абуабдулло Рудакӣ Ҳақназар Ғоиб дар қасри фарҳанги шаҳр доир карда шуд,  бори дигар собит сохт, ки шеъри тоҷик  ифшогари омолу армони ин миллати куҳанбунёд аст.

Маҳфили адабӣ бахшида ба 55-солагии фаъолияти эҷодии устод Ҳақназар Ғоиб бо иштироки меҳмонон, шоири халқии Тоҷикистон, барандаи ҷоизаи ба номи Абуабдулло Рудакӣ Гулназар Келдӣ, нависандаи халқии Тоҷикистон, барандаи ҷоизаи Абуабдулло Рӯдакӣ  Абдулҳамид Самад ва шоир Алиакбари Абдулло, адибони Кӯлобӣ, ҳаводорони каломи бадеъ дар фазои идона  доир карда шуд. Махфил бо барандагии  ховаршинос, профессори фахрии Донишгохи Давлатии Кӯлоб Зафар Мирзоён   хеле хотирмон  баргузор шуд .

 Раиси шаҳри Кӯлоб, муҳтарам Хайрулло Амонулло  шоири  халқии Тоҷикистон, барандаи ҷоизаи ба номи Абуабдулло Рудакӣ Ҳақназар Ғоибро ба муносибати 55-солагии фаъолияти эҷодӣ табрику муборакбод гуфта таъкид намуд, ки тибқи нақшаи чорабиниҳои  таҳияшуда мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб бахшида ба 55-солагии фаъолияти эҷодии шоир  чорабиниҳои гуногуни ҷашниро баргузор намуда истодааст.

Зимни суханронӣ раиси шаҳр зикр намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки дар даврони соҳибистиқлолии давлатамон зиёиёни кишвар ба як нерӯи тавоно табдил ёфта, дар таҳкими маънавиёти ҷомеа ва ҳифзи арзишҳои фарҳангии миллиамон иштироки фаъолона доранд. Онҳо бо дарки масъулияти баланди ватандӯстӣ барои ташаккули андеша ва тафаккури пешрафта, тарғиби дастовардҳои истиқлолият, ҳифзи манфиатҳои давлатӣ ва тавсеаву густариши худшиносиву худогоҳии миллӣ дар ҷомеа саъю талош карда истодаанд.

Ба ин маънӣ рӯ овардан ба адабиёт барои худшиносӣ, ватандӯстӣ ва идомаи анъанаҳои нек аҳамияти бузурги таърихӣ дорад.

Раиси шаҳр туҳфаи омоданамудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрро ки аз мусаввараи шоир иборат буд,  ҳамчун рамзи садоқат ба шоир супорида,  шоир бо қарори раиси шаҳри Кӯлоб таҳти №876 аз 12.12.2018  барои иштироки фаъолона дар корҳои чамъиятӣ ва хизматҳои арзанда дар тарбияи ватандустонаи аҳли ҷомеа  бо  унвони олии  Шаҳрванди ифтихории шаҳри Кӯлоб  сарфароз гардонида шуд.

Шоир Алиакбари Абдулло аз номи Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон устодро ба 55-солагии фаъолияти эҷодӣ табрик намуда, ба синаи устод Нишони суханро овехт.

Устодон  Гулназар Келдӣ ва Абдулҳамид Самад устодро бо ин рӯзи фархунда муборакбод гуфта,   аз хотираҳои неки хеш бо устод ёдовар шуданд.

Дар чорабинӣ шогирдони Донишгоҳи Давлатии Кӯлоб шеърҳои устодро қироат намуда, ҳунармандони бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб таронаҳои устодро замзама карда,  маҳфили шеърро ба базми ширу шакар табдил доданд.

                                                               Сулаймон Султон

     

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code