Додоҷони Атовулло дар “Ногуфтаҳо” ҳама гапро гуфт

Матлабеки дар саҳифаифейсбукииДодоҷониАтовуллорӯзноманигори саршиноситоҷикбоунвонии «Ногуфтаҳо ё дар интизори аломати нуқта» ба нашррасидааст, агарчи хелекӯтоҳаст, вале сахттакондиҳандамебошад. Рӯзноманигор дар ин матлабикӯтоҳвапурмаъноихеш, кионро дар шаклихоҳишбаённамудааст,чанднуктароравшаннамудатавзеҳмедиҳад.

Дар банди аввал, ки «Миёнаравҳо»  ном дорад, Атовуллоев таъкид менамояд, ки 25-30 бор аст наздам меоянд ва ё телефон мекунанд, ки ба Кабирӣ сулҳ кунам.Воқеан, дуруст қайд мекунад, ки бо Кабирӣ созиш кардан ва ба ӯ пайвастан хиёнат ба озодӣ, хиёнат ба мубориза, хиёнат ба миллат аст. Ин баҳои Атовуллоев дар нисбати Кабирӣ воқеӣ ва мунсифона аст. Зеро Кабирӣ лухтаки сохтаи дасти охундҳои шиамазҳаби эронист, ки дар он ҳеҷ гуна озодӣ вуҷуд надорад. Эътимод намудан ба нафаре ки ба ҷуз аз манфиатҳои молиявии хеш арзиши дигареро дар сар намепарварад, хиёнат ба Ватан,Миллат  ва ҳамаи муқаддасоти инсонӣ аст. Дар хиёнаткории Кабирӣ ва ҳаммаслакони вай, ки дар солҳои 90-уми қарни гузашта тамоми қувваҳои демократиро фиреб дода, дар нимароҳҳамаи онҳоро канор заданд ва онҳоро бадном намуданд, Додоҷон Атовуллоев шоҳиди бевосита буд.

Дар банди дуввуми ин навиштор, ки унвони «Насиҳатфармоён» ном дорад, рӯзноманигор гуфтаҳои насиҳатгарони фиристодаи Кабириро меорад, ки  «бале, Кабирӣпалидаст. Аммо баҳси Шумо бо ӯ ба суди Ҳукумат аст». Дар ин маврид Атовуллоевба онҳо воқеан дурандешона ҷавоб медиҳад ва манфиатҳои миллиро аз ҳама боло мегузорад. Ӯ хеле хирадмандона  ҷавоб медиҳад, ки «ҳукуматҳо меоянду мераванд, аммо барои ман давлати Тоҷикистоне муҳимтар аст».  Чунин навъ андешаро танҳо касе карда метавонад, ки барояш пас аз ҳазорон соли бедавлатиҳо соҳибдавлат шудани тоҷикон хело муҳим аст.Ҳамчунин ин андешаро нафаре баён мекунад, ки ӯ аз вазъи бархурдҳои геополитикии қудратҳои  ҷаҳон огоҳ аст ва хатари аз байн рафтани миллатҳо ва давлатҳоро эҳсос менамояд. Дар идомаи ин матлаб Атовуллоев қайд мекунад, ки “Роҳи Кабирӣ роҳ ба ҷазирист, роҳ ба асри миёна. Роҳ ба сӯи толибони тоқипӯш ва галстуку шляпаву кепкапӯш аст”. Дар ин навиштаи кӯтоҳ рӯзноманигор воқеан дунявияти давлати Тоҷикистонро авлавият медиҳад ва идеологияи вопасгаро, ифротӣ ва асримиёнагии наҳзатиро, ки мисли гурӯҳҳои дигари террористӣ, аз қабили Ҳаракати Толибон, ДИИШ, Алқоида ва амсоли онҳост, бармало инъикос мекунад. Аз тарафи дигар онҳоро ҳамон террористоне ки зоҳири худро иваз намудаанд ва тоқиву галстук ва шляпаву кепка пӯшидаанд, аммо ақоидаашон ҳамон ақидаҳои тахрибкоронаи асримиёнагист, арзёбӣ менамоянд. Ва аз “носеҳон” мехоҳад худро бошанд.

Дар қисмати сеюми ин навишта ки унвонии “Коршиносон”ро дорад чунин матлаберо мавриди баҳс қарор медиҳад, ки нафароне, ки дар Россия ба доми Кабирӣ афтодаанд чунин гӯишеро роҳандозӣ мекунанд: “Кабирӣ аз ислом даст кашида дигар номи ҲНИТ”-ро амр кардааст, ки ба забон наоваранд ва ӯро чун раиси Паймони миллӣ, лидери оппозитсияи тоҷик ном баранд”. Аммо посухи Атовуллоев чеҳраи воқеии Кабириро ошкор месозад: “Одаме, ки ба номи Худо карйера сохт, аз харсаворӣ ба мерседессаворӣ гузашт, имрӯз аз номи Худову динаш даст мекашад, магар метавонад мавриди эътиқод бошад”, дар ин ҷавоб Атовуллоев нишон медиҳад, ки Кабирӣ ҳама арзишҳоро мавриди сӯистифода қарор медиҳад ва барояш танҳо ҳадафҳои худаш, яъне ба даст овардани ҳокимияти сиёсӣ муҳим аст. Аз тарафи дигар бо ин роҳ Кабирӣ мехоҳад худро демократу озодандеш ва мудерн  вонамуд созад, то кулоҳбардорӣ намуда, аз озодии инсону демократия шиор созад ва дӯкони манфиатҳои хешро гардон намояд.Ҳарчанд бо иваз шудани ном ва зоҳир андешаҳои ботили асримиёнагии ин нафар ва сарпарастҳои охундҳои мазҳабиаш фарқе нахоҳанд кард. Дар идомаи ин матлаб АтовуллоевКабириро шогирди Ал-Бағдодӣ меномад, ки дуруст аст. Амалҳои ин ду нафар, ки роҳбарони созмонҳои террористианд, хеле шабоҳат доранд.

Дар бахши чорум ки унвонии он “Ҳукумат” аст Атовуллоев ба ҳукуматиён муроҷиат мекунад ва мегӯяд: “Ман аз шумо ҳеҷ гоҳ чизе нахостаам. Шумо маро хуш надоред, ман шуморо. Аммо имрӯз бо як дархост муроҷиат менамоям: илтимос, ҳамин мори дар остин парвардаатонро баргардонед, боз як бор бозори занашро ба ӯ баргардонед, вакил интихобаш кунед, ки нагузоштед, дар Ватан бошем, ҳадди ақал дар Аврупо ором нафас гирем”. Ин матлабро Атовулло аз худҳоҳиҳои Кабирӣ ва аз чандчеҳрагии вай меовард, ки то замоне дар Тоҷикистон вакил буд ва соҳиби дороиҳои ҳанагуфт буд,рафтораш дигар буд, вале пас аз он ки дороиҳояшро аз даст дод ва даст ба кудатои сиёсӣ заду ба Аврупо фирор намуд, кори аслиаш бадгӯии давлату Ҳукумати Тоҷикистон шуд. Навишати Атовуллоев бозгӯкунандаи он аст, ки Кабирӣ палидтарин инсонест, ки бо ҳар шева ва бо ҳар роҳ мехоҳад ба мақсади бади худ расад.  Вай барои расидан ба хостаҳояш аз ҳама восита истифода намояд.

Дар бахши панҷум, ки унвони “Кабириро” дорад, Додоҷони Атовулло  Муҳиддин Кабириро ба баҳси як ба як даъват мекунад, то ҳақиқати ҳол равшан шавад. Атовуллоев ба ҳақ будани худ дар муқобили Кабирӣ боварии комил дорад ва барои фош сохтани амалҳои нангини ӯ омодааст.

Дар поёни ин навиштор ки унвонии “Мардум”-ро дорад, Атовуллоев ба мардум муроҷиат мекунад, ки оё Шумо тарафдори баҳси озоди руёруи фейсбукии ман бо Кабирӣ ҳастед? Яъне вай ҳаққи довариро дар ин баҳс ба мардум медиҳад.

Дар ин навиштаи кӯтоҳи пурмаъно воқеияти ҳоли Муҳиддин Кабирӣ ва афроди гумроҳ намудаи ӯро Атовуллоев бисёр муассир ва танзомез инъикос кардааст.Вазъияти ҳозираи ТТЭ ҲНИ ва мақсади он дар ҳамин навиштаи Атовуллоев ба таври аниқ нишон дода шудааст.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code