Ҷалби сармояи хориҷӣ барои рушди соҳаи саноат

 

 

 

 

 

 

 

Имрӯз дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб раиси шаҳр муҳтарам Хайрулло Амонулло намояндагони музофоти Шенсии Ҷумҳурии Халқии  Хитойро  бо роҳбарии Гу Суан Хун  ба ҳузур пазируфт.

Қобили таваҷчуҳ аст, ки  ҳангоми сафари давлатии Президенти ҶТ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба Ҷумҳурии Халқии Хитой «Созишнома оид ба барқарорсозии муносибатҳои бародарона байни вилояти Хатлони ҶТ ва музофоти Шэнсии Ҷумҳурии Халқии Хитой» ба имзо расид.

Дар доираи амалишавии ин созишнома гуруҳи корӣ бо роҳбарии сардори шуъбаи робитаҳои хориҷии Ҳукумати музофоти Шэнсӣ ба шаҳри Кӯлоб ташриф овард.

Бо гуруҳи кории мазкур раиси шаҳр вохӯрӣ намуда, барои таҳкими ҳамкориҳо дар самти таъсиси корхонаҳои саноатӣ гуфту шуниди муфид анҷом дода шуд.

Роҳбари гуруҳи корӣ дар рафти вохӯрӣ қайд намуд, ки мақсади асосии гуруҳи корӣ шиносоӣ бо фазои сармоягузорӣ, шароити фаъолияти соҳибкорӣ ба шумор меравад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо назардошти он, ки тибқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то соли 2030 Тоҷикистон бояд ба давлати индустриалӣ- аграрӣ табдил дода шавад.

Бинобар ин тамоми шароитҳо дар шаҳр  барои рушди соҳаи санат фароҳам оварда шуда,  соҳаи афзалиятноки иқтисодиёти шаҳр –соҳаи саноат ба шумор меравад. Дар  шаҳр 48 корхонаи хурду бузург  фаъолият дошта беш аз 69 намуди маҳсулоти саноатӣ, аз ҷумла орд, маҳсулотҳои нонӣ, ҳасиб, маҳсулотҳои гӯштӣ, хишти пухта, меваи хушк, равғани растанӣ, обҳои ташнашикан ва ғайра истеҳол карда мешавад. Дар шаҳр 8 корхонаи коркарди сангу шағал, 5 корхонаи коркарди шир, 2 корхонаи коркарди гӯшт ва истеҳсоли ҳасибҳои гуногун, 3 корхонаи пахтатозакунӣ, корхонаи ресандагӣ, 4 корхонаи дӯзандагӣ, 3 корхонаи истеҳсоли хишти пухта, корхонаи нон, 2 корхонаи ордбарорӣ ва зиёда аз 180 коргоҳҳои гуногун фаъолият доранд.

Дар шаҳр барои рушди соҳаи саноат минтақаи саноатӣ дар майдони 6,7 га таъсис дода шуда, ба хоҳишмандон дар муддати кутоҳ то 5 рӯз китъаи замин ба тариқи “Равзанаи ягона” ҷудо карда мешавад.

Барои соҳибкорони хориҷӣ низ тамоми шароитҳо тибқи қонунҳои амалкунанда фароҳам оварда шудааст, қайд намуд раиси шаҳр.

Айни замон  корхонаи хишти «Умед-2012» дар ҳамкорӣ бо соҳибкорони хитоӣ фаъолият дошта иқтидори корхона 4 млн. дона хишт дар як солро ташкил медиҳад. Ҳамчунин корхонаи «Ресандаи Кӯлоб» бо ҷалби соҳибкорони хитоӣ фаъолият намуда, дар оянда ҳаҷми истеҳсолотро зиёд намуда, нақша дорад то  коркарди ниҳоии пахта коргоҳҳои заруриро  таъсис диҳад.

Ҳайати намояндагони музофоти Шэнсӣ вобаста ба  чунин шароитҳо барои дар оянда дар соҳаҳои гуногуни саноатӣ ҳамкорӣ намудан таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

Ба гуруҳии кории музофоти Шэнсӣ ҷиҳати бунёди 15 корхонаҳои саноатӣ бо назардошти захираю имкониятҳои мавҷуда, ки мутахассисони соҳа пешниҳод намудаанд, тавсия дода шуд.

Аз ҷониби гуруҳии кории музофоти Шэнсӣ пешниҳод гардид, ки бо яке аз шаҳрҳои музофот барои бародаршаҳрӣ бо шаҳри Кӯлоб созишнома ба имзо расонида шавад. Ин таклиф барои баррасӣ қабул гардид.

 Вохӯрӣ дар фазои дӯстона ва ҳусни тафоҳум баргузор гардид.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code