ҲУНАР ЗИНДАГИРО ЗЕБОӢ МЕБАХШАД

??

Дар маҳаллаи Исмоили Сомонӣ намоиши ҳунарҳои мардумӣ бо иштироки васеи сокинон бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор намуд.

Зимни мулоқот раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Валиева Саъбагул ва дигар кормадони масъули ҳизбӣ иштирок ва баромад намуданд.

Дар баромади худ Валиева Саъбагул гуфт, ки ҳунар сармояи бузургест, ки онро бо ягон дороӣ, сарват ва симузар иваз кардану харидан номумкин аст. Ҳунар инсонро бузургию шаҳомат  бахшида, ӯро болидарӯҳ мегардонад. Ҳунар зиндагиро зебоӣ мебахшад. Шахси соҳибҳунар дарахти босамареро мемонад, ки меваҳои ширин ба бор меоварад. Дар робита ба эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар ҳама деҳаю маҳаллаҳои шаҳри Кӯлоб намоиши ҳунарҳои мардумӣ доир гардида истодааст. Иқдом мазкур имконият медиҳад, ки ҳунару ҳунармандӣ рушт карда, ҳисси зебоипарастӣ дар замири ҷавонон баланд бардошта шавад.

Чорабинӣ бо роҳандозии намоиши фарҳангӣ аз ҷониби ҳунармандони маҳаллаи мазкур ба фарҷом расид.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code