Мусобиқаи футбол дар байни наврасон

Бо ташаббуси бахши кор бо ҷавонон ва варзиши  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб бахшида ба “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” аз санаи 12-ум то 16-уми декабри соли равон,  мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба футбол барои дарёфти Ҷоми  “Рӯзномаи СССР” дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб, байни наврасони синну соли 14- сола баргузор гардида истодааст. Дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ 8 даста дар ҳайати 160 нафар варзишгарон аз шаҳру вилоятҳои ҷумҳурӣ иштирок намуда истодаанд.

Мақсад аз баргузории чунин чорабинӣ ин рушду оммавияти варзиш ва ҷалби бештари ҷавонон ба  ин намуди варзиш  мебошад.

Бахши бойгонӣ- матбуотӣ

 

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code