Кӯчаҳои шаҳр чароғонтар мешавад

Вақте, ки аз хиёбонҳои  шаҳри Кӯлоб шабонгоҳон гузар мекунӣ, баръало эҳсос мешавад, ки шаҳр чароғистон ва  пурнуру зиё гаштааст. Зеро тибқи нақша чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб  ҷиҳати боз ҳам чароғон намудани шаҳр ва хиёбону роҳравҳо бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, соҳибкорон ва  ташкилоту муассисаҳо дар  як қатор биноҳои шаҳр ба миқдори 4470 метр ороишоти барқӣ насб карда шуда аст.

Имрӯзҳо бо мақсади беҳтар шудани сифати равшандиҳии кӯчаҳо ва кам кардани хароҷоти қувваи барқ дар маҳаллаҳои  Нурулло Ҳувайдуллоев, Исмоили  Сомонӣ,  1- Май, Ҷумъа Алӣ, Муминов ва Ҳамадонӣ ба миқдори 233 адад лампаҳо иваз карда шуд.

Дар моҳи ноябри соли 2018 дар маҳаллаи Сангак  Сафаров 16- адад қандил насб карда шуд.

Равшандиҳии кӯчаҳои Сангак  Сафаров, Сохтмончиён, Ҳилоли  Аҳмар ва  Даминзода тибқи нақша то солҳои 2020 ба нақша гирифта шудааст.

                                     Бахши бойгонӣ-матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code