Лоиҳаи КАСПО -2018

Озмуни илмӣ-лоиҳавии КАСПО дар муассисаи давлатии таълимии литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Кӯлоб бо иштироки наврасону ихтирокорони навовар ва хонандагони болаёқати муассисаҳои таълимии типпи нав баргузор гардид, ки ҳадаф аз ташкили он пешниҳоди лоиҳаи толибилмон, дастгириву амалисозии лоиҳаву ихтирооти наврасон ва такмил додани донишу малакаи хонандагон ба ҳисоб меравад.

Мавриди зикр аст, ки дар озмун муҳассилини Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқати шаҳри Кӯлоб, ноҳияи Данғара, литсейи инноватсионии назди Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ ва муассисаҳои таълимии шаҳру деҳоти Кӯлоб  иштирок  намуда, лоиҳаҳои хешро ба ҳайати ҳакамон пешкаш намуданд. Ба ғолибони озмун ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

                                                Бахши бойгонӣ –матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code