БОЗ ИҒВОВУ ДАССИСАҲОИ ДИГАРИ НАҲЗАТИЁН ДАР БЕРЛИН

Муҳиддин Кабирӣ, Алим Шерзамонов, Шарофудин Гадоев ва Илҳом Ёқубов ҳарчор ТТЭ ҲНИ, Ҷунбиши ислоҳот ва рушд, Анҷумани озодандешони тоҷик ва Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ ташкил карданд, ки корашон омад накард. Ҳамоиши номумаваффақонаи наҳзатиён рӯзи 15 июли соли ҷорӣ дар шаҳри Дормунди Германия ва ё дар филми «Бозгашт аз ҷаҳаннам», ки яке аз асосгузорони ТТЭ ҲНИ Аёмиддин Сатторов бо тахалуси “Мулло Аёмуддин” ба таври возеҳу равшан ва ошкоро томими ниятҳои ғаразу шуми аъзо ва роҳбарони ин ҳизби террористиро ифшо сохт. Бар замми ин “Паймони миллии Тоҷикистон” таъсис додаанд, ки бадкешиҳои онҳоро нисбати миллату давлати хеш исбот намуд.

Ин навбат хоинони миллат барои гуноҳои худро дар сари давлати Тоҷикистон бор кардан ва барои мардумро дар доми фиребу дассисаҳои худ қарор додан, бозии дуруғини дигарро сар карда, мехоҳанд тавассути Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикиситон (КШЗНТ) дар шаҳри Берлини Олмон санаи 10.12.2018 дар рӯзи ҷаҳонии ҳуқуқи башар тазоҳурот ташкил менамоянд.

Ҳама худ дар гуноҳ ғарқанду мехоҳанд тариқи ин гирдиҳамоие, ки ба ҷуз дуруғу дассиса дигар чизе нест, чанд тан дуздону террористонро аз зиндон озод намоянд.

Аҷиб магар касе, ки дар куҷое набошад, агар ҷиноят содир намояд бояд ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида нашавад?!. Он шахсонеро, ки мехоҳанд аз зиндон озод намоянду гуноҳояшонро тоза созанд, на маҳбусони сиёсӣ балки ҷиёнаткороне ҳастанд, ки зарар ба давлату миллати хеш овардаанд. Пас онҳо бегуноҳ нестанд ва мебояд онҳо зиндони бошанду барои гуноҳҳои содиркадаашон дар назди қонун ҷавоб гӯянд.

Имрӯзҳо ба ташабуссҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистони азиз – Ватани маҳбуби ҳамаи моро мешиносанду эътироф мекунанд. Мақсади асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин равоби дӯстона пайдо кардан бо дигар давлатҳои ҷаҳон мебошад. Зеро танҳо ба ин роҳ метавон амнияту суботро дар ҷомеа нигоҳ дошт ва бар зидди ҳамагуна проблемаҳои сатҳи ҷаҳонӣ мубориза бурд.

Хушбахтии тамоми миллат аст, ки рӯзи 16.11.2018 нахустин чархаи НБО “Роғун” бо иштироки бевоситаи Сарвари давлат ва дигар намояндагони давлатҳои ҷаҳон ба кор шуруъ кард. Шахсони ватангадову беимон ва он хоҷагоне, ки онҳоро дасгирӣ мекунанд диданд, ки баъди ба истифода додани ин ишнооти азими аср робитаи дӯстии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дигар давлатҳо қавитар мегардад, аз сӯзоки тану ҷон аз кишварҳои дигар талаб карданд, ки аз расонидани кӯмакҳои иқтисодӣ ва молиявӣ ба Тоҷикистон бо идае бардуруғе, ки гӯё он кӯмакҳои молиявии давлатҳои дӯст барои саркӯбии озодандешон сарфа мегардад, худдорӣ намоянд, ки ақидаҳо дуруғин ва комилан нодуруст аст.

Масъалае дигареро, ки КШЗНТ аз Ҳукумати Тоҷикистон талалаб карданд, баҳсе нест. Чун воқеаи дар маҳбасхонаи 3/3-и шаҳри Хуҷанд рӯх додааст, зери тафтишоти мақомотҳои дахлдор қарор гирифтааст, ки аз натиҷааш мардумро огоҳ месозанд.

Бояд равшани андозам, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз бо айби ТТЭ ҲНИ солҳои навадум ҷанги шаҳрвандӣ сар зад, ки дар натиҷа беш аз 150 ҳазар нафар ҷон бохтанд, ин хоинону бадхоҳони миллат чи гуна дар назди Худо ва миллат ҷавоб хоҳад гуфт?!.

Фаромӯш насозед шумоён чанд нафаре, ки бо маблағгузории хоҷагони хориҷиатон ҳамчун сагони соҳибгазанда табдил додаанду ба корҳои иғвою дасисаангезӣ машғулед, ҳатто фикр намекунед, ки касе ба шумо ҳуқуқи муаррифии тоҷиконро дар арсаи ҷаҳонӣ надодааст. Маротибаи охирон он ҳодисаи нангине, ки бо дастгирии ин ташкилотҳои террористӣ, ки дар ноҳияи Данғара ба анҷом расонида шуд, ки ба ин васила мехостанд Тоҷикистони биҳишосоро дар арсаи ҷаҳонӣ доғдор кунанд, ҳамчун хотироти тира дар ёдҳо боқи мондааст. Мардум медонанд, ки дар ҳама бадбахтиҳои миллати тоҷик сар карда аз ҷанги шаҳрвандӣ то ба ҳол даст доред. Ба шумо гумроҳшудагон, ки ҳархел кумитаю созмонҳо таъсис медиҳед, мардуми тоҷику тоҷикистонӣ бовар надоранд ва нахоҳанд дошт.

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ

дар шаҳри Кӯлоб Валиева Саъбагул Амировна

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code