Наҳри Панҷосиёб тоза карда мешавад

Тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри  Кӯлоб имрӯзҳо   Идораи давлатии  беҳдошти замин ва обёрии шаҳри Кӯлоб ҷиҳати бо об таъмин намудани хоҷагиҳои кишоварзӣ  ба  тоза кардани ҷую заҳкашҳо оғоз кардааст. Идораи давлатии  беҳдошти замин ва обёрии шаҳр аз 1 декабр инҷониб ба  тоза кардани наҳри Панҷосиёб,  ки аз ҳисоби ин наҳр асосан хоҷагиҳои ҷамоати деҳоти Зарбдор бо об таъмин карда мешаванд,   машғул мебошад. То имрӯз  4 км наҳр аз лой тоза карда шуда, дар маҷмуъ аз ин наҳр 3 ҳазор метри кубӣ лой бароварда шуда аст.

Дар тоза кардани  наҳр  2 адад экскватор ва 2  адад мошини борбардор    истифода шуда истодааст.

                                                       Бахши бойгонӣ -матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code