Хатсайри №12

Дар асоси дархости шаҳрвандони маҳаллаи Суғдиён  ва деҳаи Корези поёнии ҷамоати деҳоти Зиракӣ  дар шаҳри Кӯлоб боз як хатсайри нав кушода мешавад. Ба иттилои роҳбари  ҶДММ «Иброҳим Сайпир»  хатсайри нав таҳти № 12 ҳаракат намуда, аз маҳаллаи Суғдиён  оғоз ёфта,  минбаъд бо  маҳаллаи Сомонӣ то  бинои мақомоти иҷроия ҳаракат карда, дар гардиши назди Телевизиони Кӯлоб ба самти маҳаллаи Сангак Сафаров то ДДК ва аз охири маҳаллаи Сангак Сафаров ба маҳаллаи   Сомонӣ  ҳаракат карда  дар деҳаи Корези поёни ҷамоати деҳоти Зиракӣ ба анҷом мерасад.

 Хатсайри нав дар миёни дигар ширкатҳои идоракунандаи хатсайрҳо рақобати тиҷоратиро ба амал оварда, имкон медиҳад  мушкилоти сокинони маҳаллаи  Сугдиён ва деҳаи Корези поён хеле осон гардад. Зеро нақлиёти мусофирбарӣ то назди манзили истиқоматии онҳо ҳаракат мекунад.

                                                                 Бахши бойгонӣ-матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code