Аҷаб, хобу хаёле…

Матлабҳои беохири Мущаммадицболи Садриддин яке паси дигар дар пойгоҳи иттилоотии ифротиаш мунташир мегарданд. Бо шӯру шавқ ва ҳавову ҳаваси баланди наҳзатӣ. Ахиран вай зери номи «Дар гузашта аз он чӣ метарсидед, мунтазираш бошед!» матлаберо ва инчунин қатъномаи «гирдиҳамоии» наҳзатиҳоро нашр кардааст. Ин дафъа ӯ Ҳукуматро метарсонад, ки бо тазоҳуротҳои наҳзатӣ коратон сохта мешавад. М. Садриддин мисли ин ки хобҳои зиёде мебинад ва дар асоси он хобу хаёлҳо матолиби расонаӣ омода мекунад. Аҷаб, хобу хаёле…
Ин хобу хаёлҳои наҳзатии сарсахт М. Садриддинро иҷмолан дар чанд банд таъбир мекунем:
1.Тазоҳуроте, ки 10 декабр дар Берлин доир гардид, барои Ҳукумат ҷойи нигаронӣ надорад. Ҳукумат дар кадом асос аз чунин навъи тазоҳуроти наҳзатӣ бояд тарсад? Ваҷҳи тарси Ҳукумат кист ва ё чист? Агар наҳзат аст ва гурӯҳҳои наҳзат бошанд, на ин ки Ҳукумат, балки пашшае аз онҳо наметарсад, зеро ки ду-се булфузул ҳоло маънии халқ ва мардумро надорад, ки давлат аз онҳо битарсад. Дар мавриди Пашинён ҳам М. Садриддин иштибоҳ мекунад. Пашинён марди миллӣ аст ва мисли шумо хурофотию мутаассиб нест, ки дар ҳаққи душманонаш дуои бад намояд ва бар асари асабоният кинаву нафраташро рӯйи сафаҳоти интернетӣ бирезад. Барои намояндаи халқ ва мардум шудан, наҳзатиён ҳоло зиёд дасту почак мезананд, вале боварӣ ва эътимоди халқро ба даст оварда наметавонанд. Фаразан, ҳамин М. Садриддин, ки шабу рӯз дар фикри барандохтани Ҳукумат саъю талош меварзад, кист, чӣ пешина ва собиқаи давлатдорию миллатпарастӣ дорад? Ҳеҷ! Бо он ки забони арабӣ медонад ва дар шаҳрҳои арабию аврупоӣ сайру сайёҳати зиёд ва муҳимтар аз ҳама, бизнес кардааст, одитарин тафаккури илмиро надорад. Ин аст, ки матолиби дар нохунак «таҳлилӣ»-аш танҳо ба дарди худи ӯ мехӯранду бас. Албатта, шариконашро фаромӯш кардем. Бо ин тарзи биниши тангу маҳдуд ва фаросати пойини таҳлилӣ чӣ тур метавон ба сатҳи андешаи миллӣ ва фаромиллӣ расид?!
2. Дар радди иддаои дуюми М. Садриддин ҳаминро гуфтан лозим аст, ки Ҳукумат мардумро аз тазоҳурот наметарсонад ва ба мардум аслан кор надорад. Танҳо ба як мушт хурофотию васвосӣ ҳушдор медиҳад, ки ибтидои солҳои навадуми асри гузашта бо чунин воҳимаю ҳангомаҳо Тоҷикистон ба гирдоби хун кашида шуд ва дар ин кор «саҳм»-и падарони М. Садриддин барин ба ном таҳлилгарон ва хайрхоҳони халқ «бузург» буд ва ба ёд овардани он рӯзҳои сахту мудҳиш магар айбе дорад? Ва аммо митингҳое, ки аввали солҳои навади асри бистум бо ташаббуси бевоситаи наҳзатиён доир гардид, ба чӣ оварда расонд, маълум аст. Доду фарёди наҳзатиёни дар митингҳои «Шаҳидон» ширкатварзида ва қатлу куштори бераҳмонаи гурӯҳҳои даргир то имрӯз чун кобуси ваҳшатзо насли миёнсол ва солмандро азият медиҳанд. Ба ин басанда накарда, насли нави наҳзатиёни назири М. Садриддин мардумро тавассути пойгоҳҳои иттилоотии худ гумроҳ карданианд ва алайҳи Ҳукумат даъват мекунанд. Боз чӣ гуна тазоҳуроте? Тазоҳуроте, ки бар асоси хостҳои як мушт хурофотӣ доир гардид. Чанд нафаре ки дар тазоҳурот иштирок кардаанд, ҳоло маънии мардум ва халқро надоранд. Онҳо барои наздикони худ, ки бар асари ҷиноятҳояшон паси панҷара қарор гирифтаанд, тазоҳурот кардаанд, вале ба хотири он ки ин ҳиллаи шаръиашон ошкор нагардад, воҳимаю ҳангомаҳо сохтан мегиранд ва дар фазои маҷозӣ ба василаи музахрафоти худ дуду чанги расонаӣ ба осмон мепарокананд. Хуб, ин ҳаққи онҳост, бигзор. Вале ҷавонону кудакони бечораро ба ин моҷарои шахсӣ ва гурӯҳӣ ҳамроҳ кардан айни ҷиноят аст. Ҳадди ақал аз Худое, ки Ӯро ба унвони Қозии Рӯзи ҷазо мешиносанд, шарм доранд? Аз Ӯ, ки яқинан наметарсанд, ҳадалимкон шарм карданашон лозим аст!
3. Наҳзатие дар симои М. Садриддин даъво пеш меоварад, ки дар Тоҷикистон ҳукуматиҳо алайҳи сафоратҳое, ки дар онҳо тазоҳуроти наҳзатӣ баргузор мегардад, тазоҳурот ташкил мекунанд. Чӣ гурӯҳҳои алоҳидаи иҷтимоӣ ҳақ надоранд, ки дар асоси қонун эътироз баён намоянд? Наҳзатиён, ки дар Аврупо ҳар рӯз дар фикри баргузор кардани пикету тазоҳурот умр ба сар мебаранд ва барои онҳо мумкин будаасту барои табақоти иҷтимоии Тоҷикистон иҷозат нест? Бигзор, намояндагони ҷавон ва ё қишрҳои дигари иҷтимоӣ дар доираи қонун зидди ҷинояткорони наҳзатӣ тазоҳурот кунанд. Ин чӣ ҷойи бадӣ дорад? Албатта, барои М. Садриддин ҷойи бадӣ дорад. Вай аз ҳар гуна эътирозу интиқоди зиддинаҳзатӣ аллергия ва ё ҳассосият дорад. Бинобар ин, ӯро фаҳмидан мумкин аст.
5. М. Садриддин чунон завқи ошуб дорад, ки ҳангоми ба забон овардани ин вожа, ба истилоҳ «кайф» мекунад. «Ошӯб кунед, ошӯб!». Бубинед, аз лафзи «шакарбор»-и наҳзатӣ чӣ меборад?! Ҷанг, хунрезӣ, тавтеа, иғво, дасиса, куштор, қатл, ғорат, таҷаммӯи зиддидавлатӣ… Ҳамаи инҳо ба хотири он ки ҳамин давлат ва Ҳукумат маъқулаш нест, тамом вассалом. Бадбинӣ ва нафрат ба Роҳбарияти кишвар тамоми нафрату бадбиниро дар рӯҳияи М. Садриддин сарозер кардааст. Даъвиҳои наҳзатӣ ва махсусан, М. Садриддин ба хотири сари қудрат омадани ҷинояткорони наҳзатист ва аз ин ҳисоб барои худ ҳам вазифае ё мансабе мегирад. Даъвиҳо сари мансабҳои баландтар ва агар ин гуна мансабҳо ба дасти М. Садриддин барин шахсиятҳо, ки умри худро сарфи ҳазёну дасисабозӣ кардаанд, нарасанд, боз даъвиҳо идома меёбанд ва ҳамин тур то охири умр. Тамоми моҷаро ҳамин аст…Вале ҳамаи инҳо хобу хаёле беш нестанд. Чунки ба М. Садриддин на танҳо мардум, балки худи наҳзатиҳои дигар ҳам эътимод надоранд.

Фаридуни Ориёӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code