Маҳаллаи 20-солагии Истиқлолият бо об таъмин шуд

 

 

 

 

 

 

 

Бо иштироки Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонзода, раиси шаҳри Кӯлоб Хайрулло Амонулло, муовинони раиси шаҳри Кӯлоб, аҳли ҷамоатчигии маҳалла марҳилаи аввали кашидани шабакаи об дар маҳаллаи 20-уми  шаҳри Кӯлоб  ба истифода дода шуд.

Шабакаи мазкур аз  буҷети маҳаллӣ ба маблағи  980 ҳазор сомонӣ аз ҷониби фармоишгар Идораи сохтмони асосии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб пудратчӣ Восеъи  Нур, амалӣ шуда,  дар марҳилаи аввал ба масофаи 2 км 400 метр қубури магистралӣ  оварда шуда,  сокинони 120 хоҷагии  маҳалла  бо 3 нуқтаи оби нушокӣ таъмин шуданд. Дар ба истифодадиҳии  иншооти оби нушокӣ аҳолии маҳаллаи мазкур барои таъмин гардидан бо оби нушокӣ ва беҳтар гардидани ҳолатии санитарии маҳаллаашон миннатдори худро баён намуданд.

Марҳилаи дуюми кашидани хати оби нушокӣ, ки 2 км 800 метрро дар бар мегирад,  дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатӣ  ба сомон расонида  мешавад.

                                                       Бахши бойгонӣ –матбуотӣ

 

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code