Кушодашавии маркази савдо

 

 

 

 

 

 

 

Ҳар ҳафта  рӯзҳои истироҳат бо иштироки  роҳбари гурӯҳи кории таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар шаҳри Кӯлоб, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Раҳмонзода Абдуҷаббор дар шаҳру деҳоти Кӯлоб иншоотҳои нав ба истифода дода шуда, бо намояндагони гурӯҳҳои корӣ  оид ба сазовор таҷлил намудани ин санаи муҳими  таърихӣ машварат доир карда мешавад.

Санаи 9 декабр бо иштироки Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Раҳмонзода Абдуҷаббор, раиси шаҳри Кӯлоб, муҳтарам Хайрулло Амонулло ва  сокинони  деҳаи Бахтободи ҷамоати деҳоти Зиракӣ аз тарафи соҳибкор Олимов Қаландар дар фазои тантанавӣ Маркази савдои дуошёна барои осон намудани мушкилоти сокинон   ба истифода дода  шуд.

Дар ошёнаи якум Маркази савдо ва дар ошиёнаи дуюм ҷойи бозии кӯдакона дар шафати он  сехи хишти сементӣ кушода шуд, ки 10 нафарро бо ҷойи корӣ таъмин намуд.

Бахши бойгонӣ- матбуотӣ

 

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code