Садранги чакан

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Санаи 7- уми декабри соли 2018 бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар вилояти Хатлон Фестивал вилоятии «Садранги чакан» доир карда шуд.

Дар Фестивали  мазкур аз шаҳру деҳоти Кӯлоб занони ҳунарманд маҳсулотҳои гуногуни чакании худ, аз қабили курта, тоқӣ, миёнбанд, чодарҳои гуногуни чаканиро ба маъзари тамошогузоштанд.

Қобили қайд аст, ки дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣдар шаҳру деҳоти Кӯлоб ба занони ҳунарманд  аз ҷумла чакандӯзон  шароити зарурӣ фароҳам оварда шуда, айни замон ширкати чакан бо ҷалби 50 нафар занони чакандӯз фаъолият доранд.

Ҳамзамон бо гирифтнаи гранти раиси вилояти Хатлон, бо назардошти оне, ки чакандӯзи яке аз ананаҳои қадимаи шаҳри бостонии Кӯлоб маҳсуб меёбад,  боз 60 нафар занон ба чакандӯзӣ ҷалб гардиданд.

Ба мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО дохил кардани чакан ҳунармандони шаҳру деҳоти Кӯлобро руҳбаланд намуда дар оянда чакандӯзӣ боз ҳам рушд хоҳад ёфт.

  Иштирокдорон аз фестивали мазкур бо таасуротҳои хуб баргаштанд.

Бахши бойгонӣ- матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code