Қиссаи талхи Шабнам

Дусти азиз қиссае, ки ҳоло пешкаши ту мегардад,  хеле  риққатовар буда аз  ҳаёти як зани баргаштабахт гирифта шудааст, ки мехост тақдири худро  тадбир кунад,  вале  ҳайҳот  ки то ҳол натавонистааст.

Шабнам аз падари худ  Баҳром  ва аз  модар  дар дусолагӣ аз ҳам ҷудо шудаанд. Шабнам дар тарбияи бибияш мемонад. Вале қисмат ба ӯ раҳм намекунаду бибияшро марг аз ӯ ба диёри хомушон  мебарад.  Шабнамро падар ва моиндар дар тарбияи худ мегиранд.  Ба гуфти Шабнам  моиндараш  дилозор буду падар моиндарро тарафдор. Шабнам мегуяд, ки  моиндар Шабнамро намегузорад, ки аз синфи 9-ум  ба мактаб равад. Синну солаш ҳанӯз ба ҳаждаҳ нарасида  ӯро падару моиндар ба шавҳар медиҳанд. Бо шавҳараш ҳамагӣ 6 моҳ зиндагӣ мекунаду шавҳараш  ӯро   талоқ дода хешовандонаш аз хона пеш мекунанд. Чун ба хонаи падар ва моиндар омад дигар онҳо ӯро ба оилаи худ қабул  накарданд. Акнун Шабнам дар чорсуи зиндагӣ ҳайрон мондаву ҷойи рафтан надошт.

Шабнам ҳангоми  дар боғ зистанаш  шавҳари дигар карду боз ҳам  бахт ба ӯ омад накард ва  аз шавҳари наваш низ ҷудо шуд.

Акнун Шабнам ба  ҷустуҷуи  модари аслии худ баромаду ӯро дар шаҳри Душанбе дарёфт намуд, вале модари ҳақиқияш, ки акнун зиндагии хешро дошт,   ӯро ба фарзандӣ қабул намекунад. Қиссаи модар низ  ғамангез ва тулонӣ буда,   мавзӯи дигар аст.

Шабнам қисса мекунад, ки ман дар болои харакҳои боғи шаҳр мехобидам.  Ҳамеша  дар тарсу ҳарос  будам, ки масте ва ё нашъаманде ҳоло ба  ман дар меафтад.  Як саҳар барвақт  шахси худоҷӯе   маро болои харакҳо хоб  дида  маслиҳат дод, ки ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр муроҷиат намоям.

Шабам ба назди  муовини раиси шаҳр Кенҷамоҳ Маҷидова меояд.   Муовини раиси шаҳр  ба ӯ мефаҳмонад, ки дар  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷое  мавҷуд нест, ки чунин  шахсони бесаробонро фаро гирад. Ночор ба директори литсеи сохтмонии шаҳр Абдулҳақов А занг зада илтимос мекунад, ки барои  муддате шабнамро дар хобгоҳи литсей ҷо кунанд. Шабнам муддате дар хобгоҳ меистад,  вале  бо оғоз шудани дарсҳо дар  литсей ӯ  дар  ин ҷо низ  ӯ ҷой намеёбад.

Боз ба назди муовини раиси шаҳр Кенҷамоҳ Маҷидова меояд. Кенҷамоҳ Маҷидова ноилоҷ ӯро ба хонаи худ мебарад. Шабнам ҷавонеро дарёфт карда аз он ҷо низ  меравад ва зиндагии нав барқарор  мекунад.

Ҳолу ахволи минбаъдаи ӯ дигар маълум нест Вале мақсад аз овардани ин қиссаи талху нангин он нест, ки  зиндагии касеро  мавриди таҳлил қарор  диҳем,    балки  мақсад  роҳи ҳалли масъала ва дарёфи чораҳо ҷиҳати хонавайронии ҷавонон аст, ки дар 11 моҳи соли равон дар  шаҳри Кӯлоб ба 193 адад расида,  нисбати сол гузашта 42 адад зиёд мебошад .

Кумитаву раёсатҳо, шуъбаву бахшҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятиву  байналмилалӣ  бо намояндагони  даҳхо муассисаи дигар  доир ба пешгирии зуроварӣ ва ҷудошавии оилаҳои ҷавон   семинару  суҳбатҳо доир мекунанд, вале ҷудошавӣ сол аз сол  афзуда истодааст.

Замоне филмҳои русиро тамошо карда гумон мекардем, ки  дар мамлакати Руссия  ҷудошавӣ хеле зиёд аст, вале   ин беморӣ акнун ба тоҷикон  низ ёр шудааст.

Сабабу омилҳои ҷудошавӣ хеле зиёд буда  онҳо  аввалан аз бепаравоиву бемасъулиятии ҷавонон сарчашма мегирад.Падару модарон ҷавононро хеле барвақт хонадор карда дар бораи тақдири минбаъдаи онҳо андеша намекунанд. Боре ҳам намеандешанд, ки дар натиҷаи ҷудошавии оилаҳо  кудакон бесарпаноҳу ятим монда тақдири минбаъдаи фарзандон  ба қисмати  Шабнам монанд мешавад.

                                                                Сулаймон Султон

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code