Рамзҳои нуҳуфта дар нигораҳои Чакан

Ҳафтаи пеш Бунёди маориф ва илму фарҳанги Созмони Милали Муттаҳид – ЮНЕСКО дар ҷаласаи навбатии худ нигораҳои  «Чакан» ро ба феҳристи мероси ғайримоддии фарҳангии ҷаҳон дохил кард, ки ин падида бори дигар аз ҳунару санъати баланди тоҷикон гувоҳӣ медиҳад.

Ҳар кишвареву сарзамине дорои сарчашмаҳои шинохташудаву ошкор ва ҳамчунон ношинохтаву пинҳон мебошад, ки дар дили замин ва зеҳнҳои мардумонаш ҷой гирифтааст. Ин  сарчашмаҳо гуногунанд ва миллатро шахсиятҳои андешаманду фарҳанговару ибтикорманд лозиманд, ки бо шинохти он манбаъҳо ва берун бароварданашон аз дили замин ва зеҳнҳои одамон ба сармояи кишвар афзуда, ба пешрафти кишвар суръат  бахшанд. Нигораҳои Чакан  яке аз сарватҳои бебаҳои зеҳнии мардуми тоҷик мебошад, ки дар миёни мардуми мо вуҷуд дошт, вале афзудану пурбор кардан ва ба арсаи байналмилалӣ баровардани он, ба шарофати табъу завқи баланд, оянданигарии бохирад ва меҳанпарастии беҳамтои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифтааст.

Мо аз ин дастоварди фарҳангии тоҷикон  нахуст сипосу миннатдориамонро ба Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён мекунем. Ба феҳристи мероси ғайримоддии фарҳангии ҷаҳон дохил гардидани нигораҳои  «Чакан» , дар нигаҳдории ҳувияти миллии тоҷикон, ки глобализатсия ба вижагиҳои фарҳанги мардумони ҷаҳон панҷа бурдааст, нақши шоиста дорад.

Инак сухане чанд дар пиромуни гузаштаи нигораҳои Чакан:

Вожаи  «чакан» – ро фарҳангномаҳои муътабартарини кӯҳани мо, чун «Бурҳони қотеъ», (соли 1652), «Ғиёс-ул-луғот» (соли 1827), «Фарҳанги Рашидӣ» (соли 1653), «Кашф» (соли 1780) шарҳ додаанд. Ин мафҳум аз ҷумла дар  «Бурҳони қотеъ» ба шакли «чакин», «чикин» ва дар « Ғиёс-ул-луғот» ба шакли «чикин» омадааст. Шарҳи ин вожа дар «Бурҳони қотеъ» чунин аст: «навъе аз кашида ва заркашдӯзӣ ва бахиядӯзӣ бошад ва ҷомаву қабоеро, ки чунин дӯхта бошанд, «чакиндӯзӣ» гӯянд….»

Муаллифи «Ғиёс-ул-луғот» бошад, ин вожаро ба шакли «чикин» оварда, «навъе аз кашида, ки решми алвон бар ҷома ва ғайра нақш кунанд», тафсир намудааст. Ӯ барои исботи ин далел фарҳангономаҳои «Рашидӣ», «Мадор», «Бурҳони қотеъ» ва «Кашф» – ро мадраки тафсири худ қарор додааст.

 Мебояд пурсишеро низ  ба миён гузошт, ки «чакан», «чикин», «чакин» ба кадом вожаи дигар иртибот дошта, аз чи маънӣ баргирифта шуда бошанд?! Чун чакандӯзӣ ҳунар аст ва ҳунар дар навбати худ офариниши бадеист, гумон ба яқин аст, ки ин вожа ба мафҳуми  «чома», «чакома», дар паҳлавӣ «чакомак», яъне суруд пайвастагие дорад.  Ин гумонро метавонад вожаи дигари форсӣ «чамона» таъйид кунад, зеро маънии «чамона» «нимкадӯи мунаққаш, ба сурати пиёлаи  шаробхӯрӣ бошад» («Ғиёс-ул -луғот»).

Дар гурӯҳи забонҳои славянӣ, аз ҷумла рӯсӣ, украинӣ, чехӣ, белорусӣ, булғорӣ вожаи «чеканка», (аз он феъли «чеканить») мавҷуд аст, ки маъниаш нақшнигориҳо рӯи чӯб, мис ва дигар филизот мебошад.

 Дар луғати этимологии забони русӣ (М.Фасмер, «Этимологический словарь русского языка», М, 1987) вожаи «чекан» – и русиву украиниро баргирифта аз калимаи «чакуш» донистаанд. Ин вожашиноси доно бар он аст, ки сайри таърихии вожаи «чакуш» чунин сурат гирифтаст, ки он нахуст аз забони форсӣ (асолатан форсӣ -авастоӣ) ба туркӣ гузашта, дубора дар шакли дигаре ба забони форсӣ баргаштааст. (луғати номбурда, саҳ. 325). Дар луғати мазкур ҳамчунон феъли «чикать» шарҳ дода шудааст, ба маънии «плести», яъне бофтан.

Љойи дудилагї нест, ки њадафи ќаламзан ё ќаламкаши бостон, яъне тарроњи нигораи чакан бознамоёндани наќши гули лола, садбарг сияњгўш ва ё ягон гули зиндае набудааст. Њамин аст, ки косагулњои чакан ягон гули мушаххасро ба ёд намеоварад. Бояд саъй кард, то ки пайвастагии ин наќшњо ба эњсос ва андешањои бостонии миллатамон бозёфта шаванд.

Ногуфта нагузорем, ки нигорањои чакан хоси мардуми танњо вилояти Хатлон нест. Косагулњои чакан (ба сурати офтоб) дар бардеворї ё худ сўзанињои мардуми Самарќанду Бухоро, Истаравшан, Дарвозу Ванљ, Вахиёиву Ѓарм, дар наќшњои лаби остину лаби домони тољикони Шуѓнону Рўшон низ бо оњанги дигаре бозтоб шудаанд.

Ва он гуна, ки пайдост нигорањои чакан ҳамчун бозтоби андешањои бостонии миллатамон, нақши натуралї, ё худ копикунии оддии гулњо набуда, характери онтологї -ташбењї доранд. Њамон гуна, ки зебоишиносон гуногунрангии конспесияи назариявии зебоиро ба чор парадигма (ҷадвали шаклњои калимаҳо) тафсил кардаанд, ки парадигмаи аввали онњо ба арзёбии наќшњои чакан наздик аст. Љонибдорони ин парадигма Афлотун (427 – 347 пеш аз мелод), Тертуллиан Квинт (155/165 — 220/240), Фома Аквинский (1225 – 1274), Фридрих Гегель (17701831) андеша доштанд, ки зебої ин наќш ё таљассуми худованд (ё идеяи мутлаќ) дар ашёњои мушаххас (конкретї) мебошад.  Чунон ки медонем тољикону эронитаборон пеш аз ислом пазируфтан ва пеш аз гаройиш ба ойини Зартушт, њанўз 6 – 7 ҳазор сол пеш, мењрпарастї (хуршедпарастї) ихтиёр доштанд. Ва њатто дар замони боварҳои зартуштӣ ойини мењрпарастиро тарк накарда буданд.

Зиндагии гузаштањои дуродури мо ва як идда ќавмњои дигари ориёӣ саросар ба хуршед (офтоб) пайвастагї дошт, зеро чун гузаштагонамон нахустин деҳқонони киштварз буданд, ҳама пиндору боварҳояшонро ба гардиши солонаи офтоб ва дигар ҷурмҳои осмонӣ пайваста медиданд. Дар замони Ардашери Бобакон (220/24224/39 )    парастиши офтоб (меҳр) дини расмии давлат будааст. Дар сангнабиштаҳои аз замони Сосониён бозмонда (аз соли 224 то соли 651 мелодї) омадааст, ки « Хуршед худои бузург аст ва ба – дон савганд мехўрданд».

Љашни Сада низ ба ниёиши Офтоб вобаста аст, ки аз аввали моњ (аз шаби таваллуди Хуршед – шаби Ялдо, ки шаби  дарозтарини сол буда, дар соати 12 шаб Хуршед таваллуд мешавад), чињил рўз фосила дорад.

 Аз рӯйи  ойинҳои суѓдиён арўсу домод дар пеши рўйи њайкали Мењр савганд ёд мекарданд, то онњо бо њам дўстона зиндагї кунанд.

Ҳамчунон яке аз љашнҳои бостонии мардуми мо Мењргон аст, ки ба баробарии тирамоњии офтоб ишора дорад ва бо шарофати арҷгузории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба боварҳои фаротаърихии тоҷикон, имрӯз дубора зинда шудааст.

 Шоёни ањамият аст, ки дар шерозањои кулоњи мардон акси чалипо (салиби свастика), рамзи ориёињо тарсим аст. Бояд дар назар дошт, њар љо, ки косагули офтобї наќш шуда бошад, ба некиву покї далолат мекунад. Рўйи кулоњ (тоќии чакан), ки бештар бо рангњои сурху зарду бунафш (сабз) косагулњо чакандўзї шудаанд, ба маънии фарр, яъне тавре дар боло овардем хур (хуршед), фарри эзадї ва њамчунон пиндори нек ишора дорад. Њамин тавр косагулњои њафтранги болои домон бар иффату покдомании занон таъкид мекунад ва гулњои ситорагуни аз домон то рўйи шикам густурда низ ишора бар покии занон аст, ки партави хуршед нигањбони насли озодагон мебошад.

Нигораҳои чакан на танҳо дар рӯйи порчаи матоъ, балки дар ҳунарҳои нонпазӣ, чӯбкорӣ, оҳангарӣ низ ба чашм мехӯранд. Нону кулчаҳо, ки ба шакли гирду рӯяшон нақшин пухта мешаванд, нигораҳои чаканро ба ёд меоваранд. Танури нонпазии тоҷикон чун офтоб гирду гарму сӯзон аст. Ҳатто бар рӯйи рафидаи нонпазӣ низ нигораҳои чаканро метавон дид.

Ҳаким Фирдавсӣ дар мавриди бозтоби нақшу нигораҳои айвони шоҳ Гуштосп, аз нақши хуршед дар девори кох ёдовар шудааст:

                            Бару бар нигоридҶамшедро,

                            Парастанда мар моҳу хуршедро.

Дар замони бостон, ба ҳангоми офариниши нигораҳо, ранг дар баробари шаклсозӣ, дорои рамзу намодҳо будааст. Рангҳои сурху зард рамзи хуршед, оташ, шукӯҳу қудрат, ранги бунафш (сабз) рамзи сулҳу оштиву оромишу навшавандагӣ, боззоии зиндагӣ ва ранги сафед рамзи покдоманиву бегуноҳӣ ва нӯру рушноӣ будааст.

Мардуми Кўлоб дўшизаи зеборо офтобпешонї гўянд, яъне бо пешонии васеъ ва чеҳраи хуррами офтобӣ ва дар мўйњо (кокулони) дўшизагон аз нуќра ситорањои бешумор (чилситора) мечаспонанд. Ќулфи гиребон (зирењи гиребон) ба сурати офтоб тањия гашта, гиребони бонувонро мебандад.  Бо жарфнигарї ба муњтавои нигорањои чакан ва умуман офаридањои  гузаштагон  метавон ба натиљае расид, ки онњоро набояд соддаву омиёна ва ғайриилмӣ дид, зеро дар он офаридаҳо андешањои амиќи фалсафии як миллати гузаштаи 6- 7 ҳазорсола дошта  бозтоб мегардад.

 Нуктаи дигареро бояд  дар нигар дошт, ки аксари миллатҳои ҷаҳон дар намоёнсозии вижагии миллати худ, аз нақшу нигори хоси миллӣ кор мегиранд (национальная орнаменталтстика). Орнаментҳои миллиро илми орнаменталистика меомӯзад, ки бахши дигари ин илм унвонии орнаменти археологӣ мебошад. Чуноне, ки нақшҳо ё орнаменти ашрофзодагони Руми бостон имрӯз низ дар тавлидоти матоъ ва дигар ороишҳо на танҳо дар Италия, балки дар саросари ҷаҳон фаровон ба кор бурда мешаванд.

Чуноне дида мешавад, як идда аз давлатҳои ҷаҳон ҳатто дар гӯшаи парчами давлатии худ, нигора, ё орнаменти миллиашонро ҷой додаанд. Чунончи кишварҳои Белорусия, Эстония, Туркманистон ва монанди он.

 Дар поён мехоҳам ба ёд оварам, ки чун фарҳангпарастони ҷаҳон нигораҳои Чаканро барои ҳамешагӣ ҳамчун арзиши баланди фарҳангии мардуми тоҷик пазируфтанд, моро мебояд ҳангоми шарҳи он фалсафа ва дарунмояи дар ин шоҳкор ниҳонро фаромуш накунем.

Зафар Мирзоён, мушовири ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ

 

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code