Илм-сутуни ваҳдату истиқлолият ва иттифоқиву иттиҳодии ҷомеа

Ҷомеаи ҷаҳон имрӯз аз хатари ҳаракату ҳизбҳои ба ном исломие, ки миёни мусалмонон тафриқаро баҳри парокандагӣ ва қафомондагии мусалмонон амалӣ намуда истодааст, ба таваҷҷуҳ омада, боиси нигаронии ҷиддӣ гаштааст. Ҳоло дар шароити кунунӣ давлатҳои абарқудрат ба ин вабои аср нигаронӣ карда, ба оқибатҳои он баҳои бад медиҳанд.

Дар ҳақиқат ҷомеаи мутамаддин ва иттиҳоди Тоҷикистон низ имрӯз бо сарварии Пешвои муаззами миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбарҳои байналмилалӣ бо тарафдорӣ аз осоиштагии ҷомеаи ҷаҳонӣ бо маҳкум намудан аз равияҳои тундагрову ифротгаро суханони пурмуҳтаво иброз менамоянд. Ин нишондиҳандаи он аст, ки мо миллати тоҷик дар сарҳади давлати ҷангзадаи Афғонистон қарор дошта, зарур аст, ки аз оқибатҳои ин хатарҳо ҳар лаҳза сарзамини муқаддасамонро дифоъ намоем. Зеро ҳимояи марзу буми Ватан аз хатари ҷангҷӯён ва ё бадхоҳони миллат  фарз буда, Худованди муттаъол дар сураи Нисо фармудааст «Ас-сулҳу хайр»: Сулҳ кори беҳтар ва хайр аст.

Ба ин хотир, ҳоло, мо фарзандони ин Ватани тозаистиқлолро зарур аст, ки таваҷҷуҳи аввалиндараҷаи худро дар ҷабҳаи илмомӯзӣ ва хирадманд гаридани насли наврасамон зоҳир намуда, фарзандонро дар руҳияи хештаншиносиву худогоҳӣ тарбия намоем. Дар ҷабҳаи соҳибилм гаридани занон-модарон махсусан, аҳамият дода, кушиш намоем, ки модари тоҷик дар аввал соҳибилм ва дорандаи ахлоқи баланд бошад. Зеро бузурге фармудааст:

                            Одамиро гар Худо орад нахуст,

                            Одамиятро кунад модар дуруст

Дар фаҳми ин мисраҳо мо гуфта метавонем, ки модарро Худованд дар рӯйи замин ҳамчун офаридгор халқ кардааст. Инчунин аз назари биологӣ низ чунин аст, ки табиати модар тавассути шири модар ва муносибати якҷояи даврони тифливу ноболиғии фарзанд ҳатман ба кӯдак мегузарад. Пас тасаввур бояд кард, ки агар ҳар фарде, ки ба дунё меояд дар батни модари хирадманду покдоман нашъунамо ёфта, баъди ба дунё омадан аз пистони он ғизо мехӯрад ва дар назди чунин модар ба воя мерасад!

Аз назари илмӣ ба мо маълум аст, ки тарбияи фарзанд ҳанӯз аз батни модар оғоз меёбад, ва муҳите, ки кӯдак ба он ворид мегардад, ҳатман таъсири худро мегузорад. Инчунин фарзанд дар раванди афзоиш аз муҳите, ки онро ба воя мерасонад, сухан гуфтан, рафтору кирдор, муносибат, адаб дар маҷмуъ намудҳои гуногуни фаъолиятро меомӯзад.

 Ба ин хотир, мо баҳри боз ҳам тақвият додани иттиҳодиву иттифоқӣ, пешгирӣ аз шомил шудани шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ бояд муҳити солимро дар ҳама оилаҳо ва ҷомеаҳои кишварамон бо дарназардошти модари оқила ва падари устувору хирадманд бисозем. Як оилаи носолим ва ё як зан ва ё марди бефаҳму бемасъулият боиси 5-7 нафари дигарро мисли худ сохтан мегардад. Бо ин маром, мо узви хурдтарини ҷомеа, бояд баҳри сайқал додани илм, пешбурди фарҳангу тамаддуни миллатамон саҳми ночизе ҳам агар аз дастамон ояд дареғ надорем.

Имомхатибон, имомон ва дар маҷмуъ ҳар як руҳоние, ки миёни ҷомеа сухан меронад, пешниҳод менамоям, ки фарзияи илмро дар мадди аввал гузошта, ҳадиси Паёмбари Худо (с), ки мефармояд: «Талабу-л-илми фаризатун ала кулли муслимин ва муслиматин», яъне талаби илм барои мард ва ё зани мусалмон фарз аст, шиори худ намоянд.

Дар саргаҳи иттифоқиву иттиҳодии давлату миллат танҳо ва танҳо ҷаҳонбиние меистад, ки аз илму хирад сарчашма мегирад ва дар худ ҳисси баланди хештаншиносӣ ва худогоҳӣ дорад.

 Имрӯз аз Ваҳдати гаронарзиши миллати мо 21 сол сипарӣ гардид, ки ин мояи нангу номус ва ифтихори тамоми тоҷикон аст, ки бо ташаббуси фарзандони баруманди миллати тоҷик, махсусан, Пешвои муаззами миллатамон, Ҷаноби олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як фазои ниҳоят пурталотум ва хатаровар рӯйи даст омад. Мо ҳомиёни ин Ватан ва ин сарзаминро зарур аст, ки мисли гавҳараки чашм ин иттиҳодиро ҳифз намуда, ҳамчунин тақвият диҳем.

Дар охир хулоса карданиам, ки мо ҷавонон бо ҳисси баланди хештаншиносиву худогоҳӣ ва илму фарҳанги миллати худ ҳомии Ватани азизамон буда, иҷозат намедиҳем, ки ҳеҷ як зархарид ва ё бадхоҳе ба оромиву суботи ҷомеаи мутамаддини мо халал ворид намояд.

         Шокирҷони Карим-мутахассиси пешбари бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб

 

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code