16- рӯз бидуни зуроварӣ

Дар муассисаи  таҳсилоти миёнаи умумии №1 шаҳри Кӯлоб дар асоси нақшаи амали «Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила барои солҳои 2014-2023  бо иштироки намояндагони  шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, Раёсати маорифи шаҳр, роҳбарият ва хонандагони  муассисаи таълимӣ, омӯзгорони дигар муассисаҳои таълимӣ,    коллеҷҳо ва  мактаби  бачагонаи рассомӣ  ҳамоиш баргузор гардид.

Аз тарафи дастандаркорони чорабинӣ «Дар бораи  пешгирии зуроварӣ дар оила», буклетҳо ва варақаҳои таблиғотӣ  таксим карда шуда,   расмҳои хонандагони мактаби рассоми оид ба оила ва зуроварӣ ба намоиш гузошта шуд. Ҳамзамон дар байни хонандагон векторина оид ба зуроварӣ дар оила  баргузор карда шуд. Хонандагони фаъол бо ифтихорномаҳои роҳбарияти мактаб сарфароз гардонаида шуданд.

Бахши бойгонӣ- матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code