Зиҳӣ ободиву ободкорӣ

Тибқи нақшаи тасдиқгардидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, ки дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бахшида ба таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон таҳия гардидааст,  дар шаҳру деҳоти Кӯлоб сохтмону  бунёди як қатор иншоотҳо идома дорад.

Алалхусус имрӯз санаи 5-уми декабр дар маҳаллаи Ҳаким Неъматов бо дастгирии  Ширкати саҳҳомии холдингии  кушодаи «Барқи тоҷик» ва ҶСК «Шабакаҳои барқи Кӯлоб» 200 метр роҳи мошингард мумфарш шуда истодааст. Роҳи мазкур дар асоси шартномаи  тарафайн бо ҶДММ «Ранҷ», ки ба таъмири роҳҳо машғуланд, бо  истифодаи аз 12 адад техника ва ба маблағи 312 ҳазор сомонӣ  ба анҷом расонида шуд.

Бино ба маълумоти сармуҳандиси ҶСК «Шабакаҳои барқи Кӯлоб» Масамиев Қутбиддин  ҶСК «Шабакаҳои барқи Кӯлоб» ният дорад, ки боз  84 метри дигарро мумфарш мекунанд, ки дар маҷмуъ  1800 метри мураббаъро  дар бар мегирад.

                                                 Бахши бойгонӣ-матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code