Тоҷикистон кишвари зебоманзар

Тибқи нақша чорабиниҳои Раёсати фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон рӯзи 30 юми ноябри соли 2018 дар осорхонаи «Авесто»- и шаҳри Бохтар бахшида  ба «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» озмуни вилоятии рассомони вилоят таҳти унвони «Тоҷикистон кишвари зебоманзар» баргузор гардид.

Дар ин озмун омӯзгорон ва хонандагони ин муассиса ширкат варзида,  расмҳои  эҷоднамудаи  омӯзгорон ва хонандагон ба намоиш гузошта шуданд.

Мактаби бачагонаи рассомии шаҳри Кӯлоб  дар  байни  26 мактаби санъати вилоят чойи намоён ва сазоворро ишғол намуда, ба Ифтихорномаи  фахрӣ сазовор  гардонида шуд.

Бахши бойгонӣ-  матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code