Базми чакан дар шаҳри Кӯлоб

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Бо назардошти он ки  бо ташаббуси  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  рӯзи 29 ноябр дар ҷаласаи солонаи Кумитаи ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО  чакан ба рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии башарият ворид карда шуд, имрӯз дар шаҳри бостонии Кӯлоб маъракаи муҳими сиёсиву фарҳангие  баргузор гашт, ки  туйи ҳақиқиро мемонд.

Дар саҳни толори Қасри фарҳанг аз ҷониби ҳунармандони чакандуз, муассисаҳои таълимии оливу миёнаи махсус ва миёна  намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ, бахусус намоиши  ҳунарҳои  чакандӯзони чирадасти кӯлобӣ аз қабили курпаву болишт, тоқиву   унсурҳои гаҳвора, куртаву чодарҳои  арусӣ, бардевориҳо ва дигар  нақшу ороишот ба  намоиш гузошта шуда буд. Дар намоишгоҳ  маросимҳои   халқӣ, ҳунарҳои дуредгарӣ   ва анвоъи  хурокҳои миллӣ ба намоиш гузошта шуд.

Дар чорабинии тантанавӣ Раиси шаҳри Кӯлоб, Узви Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Хайрулло Амонулло, ҳозиринро бо ин санаи таърихиву  хотирмон, яъне ба  рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии башарият ворид карда шудани чакан табрик гуфта изҳор дошт, ки  Кӯлоб ватани аслии чакан аст. Чакан ифодакунандаи зебоӣ, рамзи ҳамгироии инсону табиат ва инсондӯстӣ мебошад. Ҳар як гуле, ки бо нӯги сӯзан офарида мешавад, шинохти дунёст, ки асрҳо боз дар шуури мо нақш бастааст. Он гувоҳи ривоҷи маънавӣ, ғояҳои инсонгароии миллати мо буда, аз фарҳанги бою ғании халқамон дарак медиҳад. Чакандӯзӣ як навъи санъати гулдӯзӣ буда, аз даврони куҳан то ба имрӯз орзуву омол ва завқи зебоипарастии мардумро инъикос мекунад.

Чакандӯзони кӯлобӣ ин ҳунари мардумиро дар  тамоми олам шуҳратёр карда, чаканро ҳамчун ганҷинаи бебаҳои миллат муаррифӣ кардаанд.

Дар шаҳри  Кӯлоб бо роҳбарии Валиев Зариф  ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Чакан» фаъолият менамояд, ки ба он 50-нафар ҳунармандон ҷалб гардидаанд. Боиси ифтихор аст, ки ширкати «Чакан» дар чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ сазовори ҷоизаҳо гардида, имрӯзҳо дар Ҷумҳурӣ ҷиҳати рушди чакан  нуфузу  обрӯи  зиёде  дорад.

Дар ҳар як кучаву маҳаллаи шаҳри Кӯлоб ҳунармандони чакандӯзро во хӯрдан мумкин аст. Бахусус бо роҳбарии Валиев Зариф  ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Чакан» фаъолият менамояд, ки ба он 50-нафар ҳунармандон ҷалб гардидаанд. Боиси ифтихор аст, ки ширкати «Чакан» дар чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ сазовори ҷоизаҳо гардида, имрӯзҳо дар Ҷумҳурӣ ҷиҳати рушди чакан  нуфузу  обрӯи  зиёде  дорад.

Бояд гуфт, ки дар шаҳри Кӯлоб 2 бино аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ба  соҳибкорон ҷудо гардида, 45 нафар занон ва духтарони хонанишин ба ҳунарҳои мардумӣ ривоҷ мебахшанд. Дар маҳаллаи Ҳофизи Шерозӣ 20- нафар занон таҳти роҳбарии Хосият Розиқова ба чакандӯзӣ  фаро гирифта шудаанд, ки аллакай  маҳсули дастранҷи онҳо дар  намоишгоҳҳои сатҳи шаҳрию вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ ба маърази тамошо гузошта шудааст. Аслан дар ин коргоҳи хурди дӯзандагӣ духтарон ва занони хонанишин ҷалб гардидаанд. Дар маҳаллаи Розия Абдушукурова таҳти роҳбарии Боронов Муродалӣ коргоҳи хурди дӯзандагӣ таъсис ёфтааст, ки занону духтарон ба чакандӯзӣ ва зардӯзӣ машғуланд.

Айни ҳол дар маҳаллаи Тамошотеппа  ҳунарманди чирадаст Ҳасанова Савронбӣ бо аҳли оилаи худ  ба чакандӯзию  гулбаст машғул буда, то ин муддат беш аз 30-нафар шогирдонро тарбия кардааст. Дар маҳаллаи Борбад ҳунарманд Сафарова Мавлуда 15 нафар ва дар маҳаллаи Ориёно соҳибкорзан Шайдуллоева Нисо 10 нафар сокинони маҳаллиро  ба чакандузӣ  ҷалб намуда, аллакай дар байни мардум шинохта шудаанд.

Ба як зумра ҳунармандони чакандӯз аз тарафи раиси шаҳр ифтихорнома ва   туҳфаҳои  раиси шаҳр тақдим карда шуд.

Намоиши маҳсули эҷодии (колексияҳои) ҳунармандон  Шарафнисо Азизова, Мавчуда Сафарова, Шарафнисо  Шайдуллоева  ки аз қадим то имрӯзи ҳунари зебои чакандӯзиро  дар бар гирифта аз тахайюлоти эҷодӣ хеле ғанӣ  буд,  чорабиниро рангину зеботар намуд.

Чорабинии фарҳангии ҳунармандони шаҳри Кӯлоб ки аз таронаву рақсҳои дилошуби мардумӣ иборат буд, табъи ҳозиринро болида ва саршори меҳру муҳаббат нисбат ба Ватан ва  ҳунари бостонии чакандузӣ  гардонид.

                                                    Бахши бойгонӣ-матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code