Баромади Раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Хайрулло Амонулло бахшида ба Рӯзи ҷаҳонӣ эълон гардидани «Чакан»

Меҳмонони азиз, дӯстони гиромӣ!

Имрӯз  фараҳу шодии ҳамаи мо беканор аст. Инак, бо иқдоми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 29 ноябри соли 2018 дар ҷаласаи солонаи Кумитаи ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО – Идораи илму фарҳанги Созмони Милали Муттаҳид, чакан ба Рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии башарият шомил карда шуд.

Дар муаррифии чакан дар сомонаи ЮНЕСКО гуфта мешавад, ки «чакан як навъи гулдӯзии миллӣ дар матоъҳои пахтагӣ ва абрешимӣ аст, ки бештар дар байни занону духтарони тоҷик ривоҷ ёфтааст. Дар вилояти Хатлони Тоҷикистон чакан як ҷузъи муҳими либоси арусу домод ба шумор меравад. Дар инҷо домодҳо тоқии худро бо гулдӯзиҳои чакан оро медиҳанд ва занону духтарон дар рӯзҳои тӯй ва иду маросим либоси  чакан ба тан мекунанд. ЮНЕСКО менависад, ки санъати чакан аз насл ба насл бо шеваи устод-шогирд ба мерос мондааст».

Бояд қайд кард, ки Рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии башарият 509 номгӯӣ ҳунарҳои миллӣ ва урфу одатҳо аз 122 кишвари дунёро дар бар гирифтааст. Ба феҳристи мазкур ворид шудани санъати чакандӯзӣ, пеш аз ҳама, ба муаррифӣ, рушди он дар ҷумҳурӣ ва миқёси ҷаҳон ва ҳифзу идомаи анъанаҳои чакандӯзӣ мусоидат хоҳад намуд.

Чакан ифодакунандаи зебоӣ, рамзи ҳамгироии инсону табиат ва инсондӯстӣ мебошад. Ҳар як гуле, ки бо нӯги сӯзан офарида мешавад, шинохти дунёст, ки асрҳо боз дар шуури мо нақш бастааст. Он гувоҳи ривоҷи маънавӣ, ғояҳои инсонгароии миллати мо буда, аз фарҳанги бою ғании халқамон дарак медиҳад. Чакандӯзӣ як навъи санъати гулдӯзӣ буда, аз даврони куҳан то ба имрӯз орзуву омол ва завқи зебоипарастии мардумро инъикос мекунад. Ҳар як давраи таърихи ба гулдӯзӣ диди навро ворид месохт ва онро мукаммал мегардонид.

Бояд кард, ки дар замони муосир эҳёи ҳунарҳои мардумӣ  майдони равобити фарҳангиро фаррох намуда, зарурати шинохти анъанаҳои фарҳанги миллӣ ва беҳдошти асолати онҳоро тақозо менамояд. Дар ин росто рушди фарҳанги миллӣ барои таҳаввули муносибатҳои байнидавлатӣ дар самти эҳёи ҳунарҳои бадеии халқӣ ва ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддӣ аҳамияти бағоят муҳим дорад.

Азбаски пайдоиши кашидадӯзӣ ба давраи аввали ҳаёти инсон, яъне асри санг мансуб дониста мешавад, он ҷузъи таркибии фарҳанги аҳли башар ва аз қадимтарин ҳунарҳои инсоният ба шумор меравад. Ҳамчуноне, ки Осиёи Марказӣ пеш аз «Роҳи абрешим» ва баъди он пайвандгари тамаддуни ҷаҳонӣ ҳисоб меёфт, санъати гулдӯзии халқу миллатҳои маскуни ин минтақа тавассути савдо ба минтақаҳои назди роҳҳои корвонгузар паҳн мегардид.

Санъати гулдӯзӣ дар асарҳои бостоншиносон, файласуфон, адибон, санъатшиносон ва кулли соҳаҳои илм инъикоси худро ёфтааст. Бозёфтҳои бостоншиносони минтақаҳои ориёинишин гувоҳӣ медиҳанд, ки мардуми тоҷик ба матоъҳои гуногун гулпартоӣ ва гулдӯзӣ менамуданд, ки он байни дигар халқиятҳои қадим маъруфу машҳур буд.

Дар маъхазҳои таърихӣ омадааст, ки чакан таърихи беш аз 1800 сола дорад. Муҳимтарин  қисми таркибии санъати гулдӯзӣ тоҷикӣ нақшу нигори он мебошад. Дар нақшу нигори гулдӯзиҳои тоҷикӣ табиати ватан ва   ҷаҳонбинӣ, анъана, афкори таърихӣ, зебопарастӣ, орзую омол, инчунин, таъсири равандҳои таърихӣ ба ҷаҳонбинӣ ва фаъолияти амалии мардум таҷассум ёфтаанд. Аз ин ҷост, ки иттилои муҳиме оид ба гулдӯзӣ дар «Авасто», «Шоҳнома», осори Ҷайҳонӣ, Табарӣ, Мирхонд, Хондамир, Балхӣ, Восифӣ, Аҳмади Дониш ва дигарон дарёфт намудан мумкин аст.

Шаҳри Кӯлоб дар хатсайри шоҳроҳи бузурги Абрешим бунёд ёфта, дар масири таърих муаррифгари урфу одат ва анъаноти неки мардуми тоҷик ба оламиён аст. Маъхазҳои таърихӣ гувоҳанд, ки дар ин шаҳри қадима меъморону шаҳрсозон, ҳунармандону косибон, кулолгарону мисгарон, оҳангарону чубкорон ва албатта чакандӯзону зардӯзони моҳир умр ба сар бурда, маданияти шаҳрдорӣ ва ҳунарҳои зиёди мардумиро ба имрӯзиён ба мерос гузоштаанд.

Шаҳри  Кӯлоб, ки таърихи беш аз 2700 сола дорад дар тӯли қарнҳо макони маданияту фарҳанги воло, диёри афроди саршинос ва шинохтаи миллати тоҷик маҳсуб меёбад.

Ин ҳунарҳои қадима дар Кӯлоби имрӯза аз ҷониби ворисони гузаштагони ҳунарманди закӣ  идома ёфта, ба шаклҳои нав  пешкаши мардум карда мешаванд. Кӯлоб ватани аслии чакан аст. Чакандӯзони кӯлобӣ шуҳрати ин ҳунари мардумиро ба тамоми олам паҳн карда, чаканро ҳамчун ганҷинаи бебаҳои миллат муаррифӣ кардаанд.

 Дар шаҳри Кӯлоб 50 муассисаи фарҳангӣ, аз ҷумла як кохи фарҳанг, як театри касбӣ, осорхонаи кишваромӯзӣ, Осорхонаи ба номи Алии Ҳамадонӣ  мавҷуд буда,  муаррифгари санъату ҳунари волои ин мардуми куҳан бунёд маҳсуб меёбанд.

Чакандӯзони кӯлобӣ ин ҳунари мардумиро дар  тамоми олам шуҳратёр карда, чаканро ҳамчун ганҷинаи бебаҳои миллат муаррифӣ кардаанд.

Дар шаҳри  Кӯлоб бо роҳбарии Валиев Зариф  ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Чакан» фаъолият менамояд, ки ба он 50-нафар ҳунармандон ҷалб гардидаанд. Боиси ифтихор аст, ки ширкати «Чакан» дар чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ сазовори ҷоизаҳо гардида, имрӯзҳо дар Ҷумҳурӣ ҷиҳати рушди чакан  нуфузу  обрӯи  зиёде  дорад.

Дар ҳар як кучаву маҳаллаи шаҳри Кӯлоб ҳунармандони чакандӯзро во хӯрдан мумкин аст. Бояд гуфт, ки дар шаҳри Кӯлоб имсол  2 бино аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба  соҳибкорон ҷудо гардида, 45 нафар занон ва духтарони хонанишин ба ҳунарҳои мардумӣ ривоҷ мебахшанд. Дар маҳаллаи Ҳофизи Шерозӣ 20- нафар занон таҳти роҳбарии Хосият Розиқова ба чакандӯзӣ  фаро гирифта шудаанд, ки аллакай  маҳсули дастранҷи онҳо дар  намоишгоҳҳои сатҳи шаҳрию вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ ба маърази тамошо гузошта шудааст. Аслан дар ин коргоҳи хурди дӯзандагӣ духтарон ва занони хонанишин ҷалб гардидаанд. Дар маҳаллаи Розия Абдушукурова таҳти роҳбарии Боронов Муродалӣ коргоҳи хурди дӯзандагӣ таъсис ёфтааст, ки занону духтарон ба чакандӯзӣ ва зардӯзӣ машғуланд.

Айни ҳол дар маҳаллаи Тамошотеппа  ҳунарманди чирадаст Ҳасанова Савронбӣ бо аҳли оилаи худ  ба чакандӯзию  гулбаст машғул буда, то ин муддат беш аз 30-нафар шогирдонро тарбия кардааст. Дар маҳаллаи Борбад ҳунарманд Сафарова Мавлуда 15 нафар ва дар маҳаллаи Ориёно соҳибкорзан Шайдуллоева Нисо 10 нафар сокинони маҳаллиро  ба чакандузӣ  ҷалб намуда, аллакай дар байни мардум шинохта шудаанд. Дар ҳудуди ҷамоатҳои  деҳот низ   ҳунармандони чакандуз амал менамояд, ки ба ин ҳунарҳои  зебои миллӣ машғуланд.

Мехоҳам саҳми чакандуз Сафарова Бахтинисоро аз ҷамоати деҳоти Даҳана махсус қайд намоям .

Имрӯз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади мусоидат намудан ба бунёди инфрасохтори ҳунарҳои бадеии мардумӣ, такомулу ҳавасмандгардонии моддӣ ва маънавии ҳунармандон, эҳёи суннатҳои бадеӣ, арзишҳои фарҳанги миллӣ ривоҷу равнақи анъанаҳои ҳунарҳои мардумӣ тамоми чораҳоро амалӣ карда истодааст.

Чакан мероси  ҳазорсолаи аҷдодист, ки дар аввал чун либоси шахсиятҳои доро маъруфият дошта, бо гузашти солҳо дар байни мардум паҳн гардидааст ва  навъи матоъи абрешимӣ аз ҳазораи II пеш аз мелод дар минтақаи ориёинишин мавҷуд будааст.

Дар замони Истиқлолияти давлатӣ бо дастуру ҳидоятҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаъну шуҳрати чакан ва дигар ҳунарҳои  халқи хеле баланд гардид.

Ин анъанаҳои миллии мо, ки имрӯз дар сатҳи байналмилалӣ муаррифгари таърихи бою пурғановати мо гаштааст,  бигузор ҳамеша чун рамзи дӯстию ҳамбастагӣ, сулҳу оромӣ ва накӯиву некноми пойдору бегазанд бимонад.

Мо боварӣ дорем, ки ҳунармандони шаҳри Кӯлоб, ки ҳамеша ливобардорони санъати ҳунарӣ маҳсуб мешаванд ва бо ҳунари нотакрори худ  ҳар яки шуморо тасхир хоҳанд кард.

Дар охир бори дигар ҳамаи Шуморо бо ҷаҳонишавии чакани кулобӣ табрик намуда, ба  ҳар кадоми Шумо бахту саодат, осоиши рӯзгор  ва бурдбориҳои бепоёнро орзумандам.

Тансиҳату хонаобод бошед.

Ба диққататон ташаккур.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code