СОКИНОН ТАВАССУТИ НАМОИШИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ АЗ СОЛГАРДИ ҲХДТ ИСТИҚБОЛ МЕГИРАНД

Дар маҳаллаи Мирзо Турсунзода бо ҷалби васеи сокинон намоиши ҳунарҳои мардумӣ доир карда шуд.

Намоиши ҳунарҳои мардумӣ, ки дар он сокинон маҳсули ҳунарҳои дастӣ ва хӯрокҳои миллиро ба маърази дид гузоштанд оғоз гардид.

Зимни чорабинӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб – Валиева Саъбагул ва раиси маҳаллаи Мирзо Турсунзода Мирзоев Иброҳим иштирок ва ибрози ақида намуданд.

Валиева Саъбагул зимни суханронӣ аз сокинон барои ташкили чунин ҳамоиш дидани изҳори сипос намуда, гуфт, ки Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шудани соли равон аз ҷониби Пешвои миллатамон ҳадафҳои бузургро пайгирӣ менамояд, ки ободиву ғановати иқтисодӣ ва некуаҳволии мурдуми кишвар, хусусан баланд бардоштани сатҳи иқтисодиву мадании халқамон равона шудааст.

Дар охир аз ҷониби ҳунармандони ин маҳалла чорабинии фарҳангӣ дор карда шуд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code