Корҳои ободонию созандагӣ вусъат меёбанд

Санаи 3 декабри соли 2018 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб маҷлиси назоратии назди раиси шаҳр баргузор гардид. Дар маҷлис аввалан масъала «Оид ба ҳолати гигиенӣ ва санитарию эпидемологӣ дар шаҳри Кӯлоб» мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Баъди шунидани ахбороти директории Маркази назоратии давлатии санитарию эпидемологии шаҳр оиди масъалаҳои мазкур, раиси шаҳр иброз намуд, ки масъалаи санитарию эпидемологӣ яке аз масъалаи мубрами рӯз ба ҳисоб рафта, зери таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Инчунин қайд гардид, ки мақсади пешниҳоди масъалаи мазкур дар маҷлиси имрӯза саривақт бартараф намудани камбудиҳои ҷойошта, аз ҷумла саривақт кашонидани партовҳо, ки манбаи асосии паҳншавии касалиҳои сироятӣ ва безараргардонии оби нушокӣ тибқи меъёрҳои муайянгардида ва нобуд намудани сагҳои дайду боиси расонидани зарар ба шаҳрванон мегардад, мебошад.

Дар муҳокима масъалаи мазкур аз сардори муассисаи давлатии «Хоҷагии манзилию комуналӣ»-и назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, сардори идораи обу ташноб, сардори идораи таъмини амнияти озуқаворӣ пурсида шуда, барои бартараф намудани ҳолатҳое, ки ба вазъи санитарию эпидемологӣ таъсир мерасонад, вазифаҳо муайян шуданд.

Сипас масъалаҳои ҷорӣ, аз ҷумла

– рафти ҷамъбасти ҳисоботҳои оморӣ дар 11 моҳи соли 2018:

– оид ба рафти амалишавии амри раиси шаҳри Кӯлоб   аз 30 январи соли 2018, №30 «Дар бораи таъсис додани гуруҳи корӣ оид ба бартараф намудани қарзи музди меҳнат дар корхонаҳои коммуналии шаҳр»;

– рафти иҷрои нақшаи андозҳои давлатӣ ва чораҳои кам кардани бақияпулиҳои андоз дар шаҳру деҳоти Кӯлоб;

– ҳолати кор бо иншотҳои сохтмонашон нотамом дар ҳудуди шаҳр ва иншоотҳое, ки то охири соли 2018 мавриди истифода қарор дода мешаванд.

– ҳолати таъминоти барқ ба аҳолӣ, ташкилоту муассисаҳо дар давраи замистонгузаронӣ, кам намудани талафоти нерӯи барқ ва рафти парохти маблағҳои ҳаққи истифодаи нерӯи барқ дар шаҳру деҳоти Кӯлоб

– рафти амалишавии амри раиси шаҳри Кӯлоб аз 11 июни соли 2018, №117 «Дар боари таъсиси гуруҳҳои корӣ оиди омодагӣ ба ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру деҳоти Кӯлоб»,

– рафт сохтмони синфхонаҳои нави муассисаи таълимии №21

– рафти таъмиру азнавсозӣ, иҷрои корҳои ободонӣ дар муассисаҳои тандурустии шаҳру деҳоти Кӯлоб;

– вазъи соҳаи саноат, фаъолияти корхонаҳои саноатӣ, истеҳсоли маҳсулот, аз ҷумла маҳсулоти сохтмонӣ дар шаҳру деҳоти Кӯлоб;

– ҳолати тозагии шаҳр ва баровардани вартовҳо аз партовгоҳҳои кӯчаҳои шаҳр;

– рафт обунашавӣ ба рӯзномаву маҷаллаҳои даврӣ аз тарафи ташкилоту корхонаҳо ба ҳолати 1 декабри соли 2018

– рафти иҷрои протоколи маҷлиси назоратии  назди раиси шаҳри Кӯлоб аз  26 ноябри соли 2018, 40

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code