Боз як гӯшаи кишвар обод шуд

Дар робита ба дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Преиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати сазовор таҷлил намудани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз як гӯшаи диёрамон обод карда шуд.

Санаи 2-юми декабри соли 2018  сокинони  маҳаллаи Сайфиддин Сангови шаҳри Кӯлоб шоҳиди боз як ободкорӣ гардиданд. Бо ташаббуси  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ҳудуди 700 метр роҳи маҳаллаи Сайфиддин Сангов сангфарш карда шуд. Сокинони маҳалла аз ин амали нек ва хайру савоб шоду масрур гардида,  дар тахту ҳамвор кардани роҳ  кӯмаки хешро расониданд.  Онҳо ният доранд, ки баъд аз ба сомон расидани корҳои сангфаршкунӣ дар ду тарафи роҳ дарахтони сояафкан мешинонанд.

                                                                             Бахши бойгонӣ-матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code