Ҳамкориҳо ҷиҳати ҷалби сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёти шаҳр

Рӯзи 29 ноябри соли 2018 муовини раиси шаҳри Кӯлоб бо намояндагони Бонки Умумиҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Талайбек Қошматов ва Алишер Исоев  вохӯрӣ анҷом дод.

Дар вохӯрӣ оид ба амалишавии лоиҳаи баланд бардоштани иқтисодиёти соҳаи кишоварзӣ, бунёди корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, дар ин замина муҳаё намудани ҷойҳои нави корӣ табодули назар карда шуд.

Намояндаи Бонки Умумиҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Талайбек Қошматов ҳангоми суҳбат қайд намуд, ки аз ҷониби Бонки Умумиҷаҳонӣ лоиҳа оид ба рушди кишоварзӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва содироти он ба хориҷи кишвар пешбинӣ шудааст.  Айни замон дар ин самт таҳлилҳо оғоз гардидаанд. Баъди анҷоми таҳлилҳо ва дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2019 амалишавии лоиҳа оғоз гардида,  дар давоми  се сол идома меёбад.

 Аз ҷониби муовини раиси шаҳр қайд гардид, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб соҳаи саноатро –соҳаи афзалиятнок интихоб намуда, барои сохтмони корхонаҳои саноатӣ минтақаи саноатӣ таъсис дода шудааст. Ҳамзамон барои таъсиси Минтақаи озоди иқтисодии саноатӣ дар шаҳр ҳуҷҷатҳои зурурӣ омода шуда, мавзеъ ва қитъаи замин дар майдони 309 га интихоб гардидааст. Айни ҳол дар шаҳр 5 корхонаи коркарди шир, 2 корхонаи коркарди гӯшт, истеҳсоли ҳасибҳои гуногун фаъолият доранд. Вусъат бахшидани  ҳамкориҳои кишоварзон бо корхонаҳои коркард муҳим буда, барои талаф наёфтани маҳсулот, саривақт фурухтани маҳсулот ба гирифтани даромади иловагии кишоварзон мусоидат менамояд.

Барои фаъолияти самараноки корхонаҳои саноатӣ ҷалби мутахассисон ва бозомӯии кормандон муҳим мебошад. Дар шаҳр Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ фаъолият дорад, ки мутахассисонро дар ин самт омода мекунад. Ҳамзамон роҳбарияти Донишкада барои ташкили курсҳои такмили ихтисос, гузаронидани семинарҳои омӯзишӣ барои таҳия бизнес-план омода мебошад, қайд гардид дар вохӯрӣ.

Айни замон аз ҷониби соҳибкорон лоиҳаҳои сармоягузории корхонаҳои коркарди меваю сабзавот, пӯст ва истеҳсоли равғани растанӣ таҳия шудаанд.

 Барои зиёд намудани ҳаҷми маҳсулоти корхонаҳои амалкунанда ва бунёди корхонаҳои нав намояндагони Бонки Умумиҷаҳонӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

Вохӯрӣ дар фазои дӯстона ва ҳусни тафоҳум баргузор гардид.

Сипас намояндагони Бонки Умумиҷаҳонӣ дар Тоҷикистон аз корхонаи коркарди гӯшт ва истеҳсоли ҳасиб ҶДММ «Ориён-Рустам», корхонаи коркарди шир ҶДММ «Файзи Амир», корхонаи хушкунии меваҳо ҶДММ «Далер»,  аз боғҳои мавҷуда дар Ҷамоати деҳоти Даҳана, нуқтаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ дар деҳаи Тоқакаппа ва Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионии шаҳр дидан намуда, бо роҳбарони онҳо ҳамсуҳбат гардиданд.

Барои амалишавии лоиҳаи пешбинигардида ҳамкориҳо идома дода мешаванд.

 Шуъбаи иқтсиод ва савдо

                                                                                  

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code