Чорабини Рӯзи байналмилалии маъюбон дар шаҳри Кӯлоб

 

 

 

 

 

 

 

Ҳамасола аз соли 1992 инҷониб тибқи резолютсияи Созмони Миллали Муттаҳид дар тамоми ҷаҳон рӯзи 3 декабр Рӯзи маъюбон эълон гардида, вобаста ба ин дар ҷумҳурии мо низ  чорабиниҳои гуногун доир карда мешавад.

Имрӯз дар Маркази ҷавонони шаҳри Кӯлоб чунин як ҳамоиш доир карда шуд. Чорабинӣ бо иштироки намояндагони  бахши бойгонӣ матбуотӣ,  бахши ҳифзи иҷтимоӣ, комиссияи ҳуқуқи куда, ташкилоти ҷамъиятии «Заршедабону», ташкилоти байналмилалии «Миссияи Шарқ» ва намояндагони Васоити ахбори омма доир карда шуд.

Дар ҳамоиш намояндагони мақомоти иҷроия,  ташкилоти ҷамъиятии «Заршедабону» ва ташкилоти байналмилалии «Миссияи Шарқ баромад ва суханронӣ намуданд.

Зимни суханрониҳо баромадкунандагон  зикр намуданд, ки дар минтақаи Кӯлоб зиёда 6 ҳазор ва дар миқёси ҷумҳурӣ 148 ҳазор шахсони имконияти маҳдудошта умр ба сар мебаранд.

Имрӯз бо шарофати дастгирии Пешвои миллат теъдоди марказҳои будубоши рӯзона меафзояд. Мавриди зикр аст, ки санаи 29 ноябри соли равон бо иштироки раиси шаҳри Кӯлоб Хайрулло Амонулло, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон филиали корхонаи давлатии заводи протезию ортопедии шаҳри Кӯлоб кушода шуд, Бо ба кор даромадани ин коргоҳ  маъюбон бо аробачаҳои маъюбӣ, протезҳо, артезҳо таъмин гардида, мушкилоти онҳо каме осон мегардад.

Дар шаҳри Кӯлоб дар назди иттиҳодияи ҷамъиятии «Заршедабону» марказҳои будубоши рӯзонаи «Парасту» ва «Меҳрон» фаъолият мекунанд, ки ба 166 нафар кӯдакони имконияти маҳдуддошта хизмат расонида мешавад.

Ба иштирокдорони   ҳамоиш филме намоиш дода шуд, ки дар бораи Довуд ном ҷавоне нақл мекунад, ки бо вуҷуди имконияти маҳдуд доштан ба кӯдакон ва ҳамсолони худ  дарси компютер медиҳад. Филми мазкур хусусияти  тарбиявӣ дошта  шасони имконияташон маҳдудоштаро ба илму ҳунаромузӣ талқин менамояд.

Сипас аз тарафи ташкилоти байналмилалии «Миссияи Шарқ» ба 10 нафар кӯдакони имконияти маҳдуддошта  аробачаҳои маъюбӣ супорида шуд.

Аз тарафи тарбиятгирандагони марказҳои будубоши «Парасту» ва «Меҳрон»-и назди итииҳодияи ҷамъятии  «Заршедабону» саҳнача ва суруду рақсҳои ҷолиб  пешкаши ҳозирин гардонида шуд.

                                                            Бахши бойгонӣ-матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code