Ҳашар дар рӯзи истироҳат

 

 

 

 

 

 

 

Имрӯз  дар гулгашти канори шоҳроҳи маҳаллаи  Нонбойи поёни шаҳри Кӯлоб ҳашари умумишаҳрӣ доир карда шуд.

Ба ҳашар кормандони муассисаҳои Корхонаи фаръии давлатии «Хоҷагии манзиливу комуналӣ», боғи ба номи Исмоили Сомонӣ, КВД Ширкати Истеҳсоливу Истифодабарии манзилӣ, КВД «Ниҳолпарварӣ ва  кабудизоркунии  шаҳри Кӯлоб ҷалб гардиданд. Онҳо бехи дарахтони шоҳроҳро  нарм  намуда,  дар ҷойҳои холӣ дарахтони ороишии кипарис шинониданд.

Ҳашар аз ҷониби кормандони муассисаҳои коммуналӣ то нисфирӯзи давом карда,  онҳо тавонистанд дар ҳудуди 3 км  дар гулгаштҳои  канори роҳ дарахтони сояафкан шинонанд.

                                                    Бахши бойгонӣ-матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code