Ҷиҳати “Пешгирии ҷавонон аз гаравиш ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ ва дигар масъалаҳои доғи рӯз” санаи 28-уми ноябри соли равон дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №34-и ҷамоати деҳоти Даҳанаи шаҳри Кӯлоб вохӯрии намояндагони бахши кор бо ҷавонон ва варзиши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб бо наврасону ҷавонон баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур, зиёда аз 200 нафар наврасону ҷавонони муассисаи зикргардида иштирок намуданд. Мақсад аз доир кардани чунин вохӯриҳо пешгирии ҷавонон аз гаравидан ба ҳизбу ҳарактҳои иртиҷоӣ ва роҳ надодан ба амалҳои номатлуб маҳсуб ёфта, бахши кор бо ҷавонон ва варзиши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ният доранд, ки чунин вохӯриҳоро дар байни дигар ҷавонони муассисаҳои ҷамоатҳои деҳот низ доир намоянд.
Бахши бойгонӣ-матбуотӣ