«16-рӯз бидуни зӯроварӣ»

 

 

 

 

 

 

 

Дар асоси нақшаи амали «Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила барои солҳои 2014-2023» ва бахшида ба «16-рӯз бидуни  зӯроварӣ» аз ҷониби Шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, мизи мудаввар бо иштироки 30 нафар намояндагони шуъбаю бахшҳо оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, ҷавонон ва варзиш, котиби комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак, маркази ташакулли тарзи ҳаёти солим, Раёсати маориф, шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, раисони шӯрои занон, имомхатибон ва вакилони кӯчаю маҳаллаҳо  баргузор  гардид.

Дар чорабинии мазкур Қонуни Ҷумҳури Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» ва масъалаҳои пешгирии зӯроварии хонаводагӣ, пошхӯрии оилаҳои ҷавон  мавриди муҳокима  қарор дода шуд.

Бахши бойгонӣ- матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code