«Сашкаҳо»- дардисарсози башарият

Аҷиб аст, ки қудратҳои ҷаҳонӣ барои татбиқи манфиатҳои худ ва зери назорат нигоҳ доштани кишварҳои мусулмонӣ ҳамеша аз дин ва бовару эътиқодоти мардум суистифод намуда, мисли занбурӯғҳои пас аз борон мазҳабу равияҳои нав ба нав ба вуҷуд меоранд. Чунин бархурд боиси он гардидааст, ки ҳар кадоме аз ин мазҳабу равияҳо даъво пеш меоваранд, ки гӯё онҳо ҳақанд ва аз «Исломи ноб» ҳарф мезанананд. Яке аз чунин ҷараёнҳо Салафия ба ҳисоб меравад. Салафиҳо аз ҷониби кишварҳои абарқудрат ва ташкилотҳову доираҳои мазҳабии мутаасибу иртиҷоии манфиатхоҳи баъзе кишварҳо созмон дода шуда, маблағгузорӣ мешаванд. Салафиҳо он қадар ҳамоқату таҳаммулнопазирӣ доранд, ки ҳеҷ як аз равияҳои анъанавии исломро қабул надоранд. Онҳо ҳамеша аз методи такфир истифода менамоянд ва аз рӯи таасуб афроди дигар мазҳабу бовару эътиқодотро ба қатл маҳкум мекунанд. Инҳо ҳарчанд хешро салафӣ ва пайрави солеҳ меҳисобанд, аммо аслан хатарноктарин ва таҳаммулнопазиртарин равияи динии муосиранд. Аз рӯи аъмолу корҳое, ки анҷом медиҳанд, Салафиҳоро   равияи динӣ ҳам гуфтан хатост, балки инҳо “сашкаҳо” мебошанд, ки барои манфиати бегонаҳо бар зидди ватани худ хизмат мекунанд. Дар вакти чанги шахрванди солхои 1992-1993 “вовчик” ва “юрчикхо” пайдо шуда буданд, акнун “сашка” пайдо шуд. Сашкаҳо аслан ҳеҷ иртиботе ба дину оин ва арзишҳои баланди эътиқодӣ надоранд. Дар тафаккури онҳо аз инкишофи пешрафти ҷомеаи инсонӣ хабаре нест. Онҳо мехоҳанд башариятро ба ҳамон асри 6-ум   баргардонанд. Сашкаҳо ришҳои дарози ҷангалӣ доранд, ки ҳеҷ гоҳ қайчихурдаву мураттаб нест, шояд дар тамоми умр боре собунро надидаву аз он буи фасод ва ҷаҳлу таассуби асримиёнагӣ бармеояд. Паҳно ва дарозии риши онҳо хонаи кайку шабуш ва анкабут аст. Риши сашкаҳо дар зеҳни ҳар фард тарсу ҳарросро ба вуҷуд меоварад. Воқеан сашкаҳо ба персонажҳои филмҳои даҳшатнок монанданд. Вақте кӯдакон бо онҳо бархурд мешаванд аз қиёфаи ғули биёбонии онҳо ба тарсу ҳаррос афтода, садҳо ҳолати ба хафқон дучор шудани онҳо ба қайд гирифта шудааст. Сашкаҳо ҳамеша аз ақоиди таҳаммулнопазирӣ истифода мебаранд ва идеологияи ҷангию инсонбадбинии онҳо дар минтақаи Ховари Миёна буҳрони инсониро ба миён овардааст, ки онро метавон дар аъмоли ҷиноӣ ва зиддибашариашон дар Сурияю Ироқ ва Яману Афғонистон бармало мушоҳида намуд. Сашкаҳо дар пушиши либос низ худро аз дигарон мутафовит мекунанд. Онҳо бо шимҳои почакӯтоҳ, ки барои худашон ба истилоҳ арзишанд, вале барои дигарон мармуз аст, худро ба “истилоҳ зеб медиҳанд”, ҳарчанд барояшон мафҳуми зебоӣ вуҷуд надорад. Сашкаҳо аз ин ки ба инсони мутамаддин монанд бошанд, бештар ба инсонҳои моқабл аз таърих ва нимаваҳшӣ шабаҳанд. Риши дарозу почаи кӯтоҳ дар якҷоягӣ онҳоро ба як махлуқи аҷибу ғарибе табдил медиҳад, ки ҳам хандаовару ҳам даҳшатнок аст.

Сашкаҳо на танҳо зоҳиран ифлос, гандзада, бадбуй ва тарсноканд, балки ақоидашон низ ақидаҳои ифротию бунёдгаро аст. Инҳо, ки дар мағзашон чизе ҷуз афкори асримиёнагӣ нест, худро “ноҷии башар” низ эълон мекунанд ва дар пайи бунёди хилофати ҷаҳонии исломанду бо ин роҳ гӯё мехоҳанд ҷаҳонро мусалмонобод кунанд. Ба хотири расидан ба ин ақидаи ғалати хурофотии хеш аз ҳамагуна роҳу усул истифода менамоянд. Дар замирашон аз раҳм, шафқат ва меҳрубонӣ осоре мавҷуд нест. Воқеан дар хислат ва рафтор низ даррандахӯанд ва гоҳҳо бадтар аз он, зеро даррандагон ҳамнавъони хешро аз байн намебаранд. Аммо сашкаҳо дар Сурияву Ироқ ва алъон дар Афғонистон амалҳоеро анҷом медиҳанд, ки сахт бераҳмона ва даҳшатноканд. Кушторҳоеро анҷом медиҳанд, ки ҳеҷ ба сатҳи одамият мувофиқ нест. Аз қабили сар буридан, зинда ба зинда сузонидан, гушу бинӣ буридан, пора пора кардан, дар об ғарқ намудан ва даҳҳо шеваҳои қабеҳу тарсноки дигарро мавриди истифода қарор медиҳанд. Афкор ва андешаи сашкаҳо сахт хароб, таасубзада ва ифротист. Инҳо ба ҷуз аз чанд китобаки худашон, ки ҳама хурофоту ғайриақлонианд тамоми илму дониши пешарафтҳои башарӣ ва китобу дастуроти дигарро қабул надоранд. Барои инҳо ки худро “пайравони солеҳ” меноманд ақл, хирад ва тадобири инсонӣ бегона аст. Зеро онҳо ба дастгоҳҳои одамкушӣ табдил ёфтаанд. Сашкаҳо ҳамон ваҳобиҳоянд, ки мақсади гирифтани хокимияти сиёсӣ, ҷорӣ кардани исломӣ бунёдӣ ва қонунҳои сахти шариъатро доранд. Ҳарчанд инҳо худро асли дин меҳисобанд, вале аслан инҳо дину мазҳаби ҳақиқӣ надоранд. Зеро ҳеҷ як дину мазҳаб ба мисли ақидаю аъмоли сашкаҳо зиддибашарию хунхорона нест. Ҳар гуна дину эътиқод бояд барои саҳлу содда кардани зиндагии инсоният бошад, на бар зиддиинсоният ва қатлу куштори он. Сашкаҳо ҳамон ДИИШ-иҳо ва ҳамон ваҳҳобиҳоеанд, ки яке аз муҳраҳои асосии терроризми ҷаҳонӣ мебошанд. Инҳо ҳамеша ба демократия дунявият ва ҳуқуқу озодиҳои инсон мухолифанд. Ҳар касе ки ақоиди пуч, хурофотӣ ва бебунёди онҳоро қабул надорад, онро ба қатл маҳкум мекунанд. Барои сашкаҳо ҳуввияти миллӣ вуҷуд надорад. Зеро инҳо миллатбохтаҳоеанд, ки ҳеҷ арзиши миллӣ ва фарҳангиро қабул надоранд. Барои онҳо ҳама гуна оин анъана ва ҷашну маросими миллӣ бидъат ҳисобида мешавад. Ҳамин аст, ки ҳар ҷо ки зери нуфузи идеологияи зиддиинсонӣ ва зидди фарҳангии инҳо ворид мешавад, тамоми дастовардҳои таърихию фарҳангии онро аз байн мебаранд. Чунин ҳолатро дар аъмоли иҷро намудаи онҳо дар Сурияву Ироқ ва махсусан аз байн бурдани ёдгориҳои таърихии Помпео метавон дид. Сашкаҳо бо роҳи мағзшӯӣ инсонҳои зудбоварро ба доми худ меоваранд. Инҳоро, ки доираҳои манфиатдори кишварҳои муайян бунёду тарроҳӣ намудаанд ба хотири тавсияи манфиатҳои худ онҳоро сармоягузорӣ низ мекунанд. Агар худое накарда ҳукумат ба дасти онҳо бошад, зиндагии мардумро ба марг баробар мекунанд. Зеро онҳо фарҳангу ҳунар санъату зебоиро қабул надоранд. Ҳатто дини анъанавиро кабул надоранд ва ҳамаро саросар кофир ҳукм мекунанд. Имрӯз хатароти сашкаҳо ва идеологияи бадбину инсонситези онҳо на танҳо дар кишварҳои мусалмоннишин, балки дар Иттиҳоди Аврупо ва Амрикову кишварҳои дигар низ нуфуз пайдо кардааст. Ҳамин аст, ки сашкаҳо на танҳо дардисарсози кишварҳои минтақа, балки дардисарсози ҷомеаи ҷаҳон гардидаанд. Имрӯз онҳо барои амалӣ кардани идеяи бумбастию хурофотии хеш дар ҳама кишварҳо пайравону гумоштагони хешро доранд ва барои расидан ба ин ҳадаф аз ҳама роҳу восита истифода менамояд. Чанд сол қабл бо кӯмаки тарроҳону сармоягузоронашон аз озодиҳои динию фазои демократии Тоҷикистон сӯистифода намуда, сафи хешро дар ин кишвар аз ҳисоби нафарони гумроҳшудаву худбохта афзоиш доданд. Дар як муддати кӯтоҳ дар фазои динии кишвар ҷойгоҳ пайдо намуда, нуфузи хешро тавсия бахшиданд. Онҳо ҳаракат доштанд қишрҳои гуногуни иҷтимоиро фаро гирифта, бо таблиғи густурда мардумро ба гумроҳӣ кашонанд ва гуруҳҳои зиддунақизро аз лиҳози бовару эътиқод ба миён оваранд ва дар маҷмуъ суботи ҷомеаро барҳам зада, аз ин роҳ сохтори дунявии ҷомеа ва давлати миллиро барҳам зананд. Хушбахтона, мақомоти қудратии кишвар аз мақсадҳои нопоку иртиҷоии онҳо зуд огоҳ гардида, барои пешгирӣ намудани тавсеаи онҳо монеа эҷод намуд ва тибқи қонунгузорӣ фаъолияти онҳоро мамнуъ сохт. Аммо бо роҳи маҳдудгардонии қонунӣ онҳо қонеъ нашуда тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар васоити хабарӣ ақоиди хатарноку зиддиинсонии хешро мубаллиғӣ мекунанд. Ҳамин аст, ки бо баста шудани фаъолияти онҳо дар дохили кишвар хатари онҳо то ҳануз аз байн нарафтааст. Аз ин рӯ ҳар фарди ҷомеаро зарур аст ки аз ақидаҳои зиддиинсонӣ, хурофотӣ бебунёди сашкаҳо худро эмин нигоҳ доранд.

Масрур Самиев, таҳлилгар

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code