Маҳфили ширу шакар

 

 

 

 

 

 

 

 

Ба ифтихори 55-солагии фаъолияти эҷодии  яке аз шахсиятҳои номвари тоҷик, шоири Халқии Тоҷикистон, барандаи ҷоизаҳои ба номи Мирзо Турсунзода ва Абдуабдулло Рудакӣ  дар Донишгоҳи Давлатии ба номи Абуабдулло Рудакӣ маҳфили шеъру сухан доир карда шуд.

Дар ин маҳфили саршор аз каломи бадеъ ва сухани ҷонофарин меҳмонони азиз, шоирони халкии Тоҷикистон  Гулназар Келдӣ ва Сайдалӣ Маъмур ба шодбошии устод Ҳақназар Ғоиб омада буданд.

Нахуст устод Ҳақназар Ғоиб маҳфилро бо шеъри хеш- “Сухан” ҳусни оғоз бахшида суханро ҷону ҷаҳонофарин маънидод кард.

Ректори Донишгоҳи Давлатии Кӯлоб меҳмонон  ва адибонро ба ин даргоҳи илму адаб  хайрамақдам гуфта таъкид кард, ки баргузории чунин маҳфилҳо аз баракати истиқлолият, сулҳу ваҳдати сартосарӣ  ва сиёсати хирадмандона ва фарҳангдустонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  муҳтарам Эмомалӣ Рахмон  шаҳодат медиҳад. Зикр гардид, ки боиси ифтихор аст, ки 4 нафар магистрантони Донишгоҳи Давлатии Кӯлоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти устод Ҳақназар Ғоиб корҳои илмӣ бурда истодаанд.

Раисии маҳфилро ховаршинос, проффесор Зафар Мирзоён ба уҳда дошта маҳфилро бо санъати баланди суханварии хеш боз ҳам пурнуртар гардонид.

Муовини якуми раиси шаҳри Кӯлоб Каримзода Саломиддин аз номи худ ва аз номи раиси шаҳри Кӯлоб  Хайрулло Амонулло устод Ҳақназар Ғоибро ба 55- солагии фаъолияти эҷодияшон ин рӯзи табрику таҳният гуфта,  ҳозиринро бо ҳаёту  фаъолияти ин шоири шинохта  шинос намуд.

Муаллифи Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ ва шоири халқии Тоҷикистон  Сайдалӣ Маъмур  шеъри шоирро ибратомӯз ва боиси фахри имрӯзиён маънидод карда, хотироти хешро дар  бораи солҳои баъдиҷангӣ  ва лаҳзаҳои хотирмон варақгардон намуданд.  Аз суҳбати шоирон маълум гардид,ки  ин шоирони  нотакрор ҳар се дар як давра ба адабиёт ворид гардидаанду бо ҳам дустиву ошноӣ меварзанд.

Маҳфилро номзади илмҳои филологӣ, ҳамзамон  ҳамдарси устод  Содиқ Ёралӣ, шоирон Лутфи Хомуш, Файзи Ашур  ва мутрибони хушсадо Ризо Маҳдӣ, Муродмад Раҳимов  Низом Барот  ва донишҷуёни Донишгоҳ  обу ранги дигар  бахшиданд.

  Сулаймон Султон

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code