Кӯлоб. Заводи протезию ортопедӣ кушода шуд

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Имрӯз санаи 29 ноябр дар шаҳри Кӯлоб бо иштироки  раиси шаҳри Кӯлоб, муҳтарам Хайрулло Амонулло, муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қудратулло Қурбонов, Бахтиёр Рустамов роҳбари шуъбаи Корхонаи давлатии заводи протезию ортопедии шаҳри Душанбе, Сафири фавқулодда ва мухтори Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон,  ҷаноби Хаҷиме Китаока, Сардори намояндагии Кумитаи байналмилалии «Салиби сурх» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон,  хонум Клаудия Азолини  филиали  Заводи протезию – ортопедӣ  ба  истифода дода шуд.

Зимни баромади хеш раиси шаҳр Хайрулло Амонулло  баён дошт, ки дар шаҳри Кӯлоб зиёда аз 6-  ҳазор ва дар   минтақаи Кӯлоб 14 ҳазор, дар миқёси ҷумҳурӣ бошад  тақрибан 148 ҳазор  шахсони имконияти маҳдуддошта мавҷуд аст. Бо ба кор даромадани ин коргоҳ маъюбон  ба аробачаҳои маюбӣ протезҳо ва  артезҳо таъмин гашта, мушкилоти онҳо  то андозае ҳалли мусбии худро пайдо менамоянд.

Дар корхона се коргоҳи истеҳсолӣ, аз ҷумла коргоҳи протезбарорӣ, коргоҳи истеҳсоли пойафолҳои махсуси ортопедӣ, коргоҳи воситаҳои ҳаракаткунанда фаъолият менамоянд.

Маъбон дар асоси хулосаи хадамоти давлатии тахшиси тиббию иҷтимоии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо аробачаҳо, асобағалҳо ва дигар воситаҳои лозимӣ таъмин карда мешаванд.

 Корхона бо Кумитаи байналмилаиии Салиби сурх, Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ, Муассиса давлатии «Маркази миллии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои минаҳо» ва дигар ташкилотҳои ҳамчун шарикони рушд фаъолият ва ҳамкорӣ менамояд.

Яке аз самтҳои асосии фаъолияти корхона бо филиалҳояш дар шаҳрҳои Кӯлоб, Хуҷанд ва Хоруғ истеҳсол ва таъмин намудани маъюбон, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, маъюбони Артиши Шӯравӣ, ҷанговарони интернатсионалист, бартарафкунандагони оқибатҳои садамаи Нерӯгоҳи барқӣ атомии Чернобил, ҷабрдидагон ва захмишудагон аз  таркиши мина, бемориҳои фалаҷи кӯдакони майнаи сар бо нимфалаҷ, бемориҳое, ки сабаби буриши табиӣ мешаванд,  инчунин пиронсолону маъюбони хона-интернатҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо дасту пойҳои сунъӣ, ортезҳо, пояфзолҳои махсуси ортопедӣ, камарбанд, асою асобағалҳо, воситаҳои ҳаракаткунанда ва аробачаҳои маъюбӣ мебошад. Корхона дорои 12- ҳуҷра буда аз  қабулгоҳ, ҳуҷраҳои пойафзолбарорӣ, муҳосибот, гаҷгирӣ, протезбарорӣ, ҳуҷраи дастгоҳҳо, меҳмонхона, ошхона, ташноби мардона, занона иборат мебошад.  Корхона 14 нафар мутахассисонро бо ҷои корӣ таъмин менамояд.

Ногуфта намонад, ки ҳамагуна намудҳои хизматрасониҳои корхона, роҳкирои рафту омад ба бошандагон ва роҳбаладашон ройгон буда, онҳо се вақт  бо хӯроки гарм ва ҷойи хоб таъмин карда мешаванд.

Ба меҳмонон аз ҷониби раиси шаҳр Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии  мақомоти иҷрои ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ба меҳмонон тақдим карда шуд.

Дилором Файзова мутахасиси пешбари бахши бойгонӣ –матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code