Ҷамоати Зарбдор дар остонаи ҷашни 30-солагии Истиқлолият

Дар асоси Амри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 22 майи соли 2018 ва амри раиси шаҳри Кӯлоб,  муҳтарам Хайрулло Амонулло аз 17 июни соли 2018 нақшаи чорабинӣ таҳия карда шуда, гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шудаанд.

Санаи 28 ноябри соли равон дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб бо роҳбарии раиси шаҳри Кӯлоб  ва   иштироки  раисони кумитаи маҳаллаҳо, соҳибкорону вакилони ҷамоати  Зарбдор дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ҷиҳати омодагиҳо бахшида ба  ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  машварати корӣ доир карда шуд.

Тибқи нақшаи тасдиқгардидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб дар ҷамоати деҳоти Зарбдор, ки аз 3087 хоҷагӣ иборат буда шумораи аҳолияш ба  25097 нафар мерасад, 267 иншооти таъиноташон гуногун сохта мешавад ва дар ҳолати амалӣ шудани бандҳои ин нақшаи  чорабинӣ  дар ҷамоат 556 ҷойи корӣ муҳайё карда мешавад.

Дар соли 2018 иҷроиши 30 банди нақшаи чорабинӣ ба инобат гирифта шудааст. Дар натиҷаи чораҳои андешидашуда аз тарафи гурӯҳи корӣ то охири соли 2018 дар ин ҷамоат 27 иншооти таъиноташон гуногун ба истифода дода мешавад.

Ҳамзамон дар машварат ба соҳибмулконе, ки дар ҷамоати деҳоти Зарбдор   иншоот сохта истодаанд, супориш дода шуд, ки дар муҳлатҳои муайяншуда иншоотҳоро ба сомон расонида,  ҷиҳати кабудизоркунии гирду атрофи онҳо чораандешӣ намоянд.

Соҳибкорон низ дар навбати худ ваъда доданд, ки дар муҳлатҳои муайяншуда  иншоотҳои хешро  бо сифати баланд ба сомон расонида, дар рушди кишвар саҳми  арзишманди  худро  мегузоранд.

                                                                               Сулаймон Султон

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code