Театр- оинаи зиндагӣ

Миллати куҳанбунёди моро дар гузаштаву  имрӯз пеш аз ҳама бо санъату ҳунар ва фарҳанги оламгираш мешиносанд.

 Ба ҳар яки мо маълум аст, ки имсол дар арафаи тантанаҳои бузурги миллӣ, бахусус Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баистифодадиҳии чархи аввали нерӯгоҳи барқӣ обии Роғун 80-солагии  боргоҳи бонуфузу маърифатии шаҳрамон театри мазҳака- мусиқии ба номи Сайдалӣ Вализода  таҷлил карда шуд.

Ҳунармандони театри мазҳака-мусиқии шаҳри Кӯлоб дар 10 мохи соли ҷорӣ асарҳои «Баҳори ваҳдат»-и Ҷума Қудус  дар таҳияи Раҳмоналӣ Одинаев,  «Умед»- и Шодӣ Солеҳ  дар таҳияи Сафархон Мадалиев,  «Дар кучаҳои қисмат»-и  Ҷума Қудус»-  дар таҳияи Раҳмоналӣ Одинаев,   «Туй дар хуррамдара»- и Сафармуҳамад Аюбӣ»-ро  дар таҳияи Раҳмоналӣ Одинаев  ба саҳна гузоштаанд. Театр намоишномаҳои дар боло зикршударо 111 маротиба ба саҳна гузошта пешкаши бинанда намудааст.

Рушду нумуи театри Кӯлоб имрӯзҳо асосан ба фаъолияти нақшофарону ҳунармандони он Мирзо  Раҳмонов, Худойназар Тилавов,  Рахмоналӣ Одинаев,  Сафархон Мадалиев, Фаррухи Содиқ, Кавгинисо Гадоева, Ситорамоҳ Шамсиддинова,   Зикрулло Давлатов, Абдуносири Нураҳмад, Ҳошим Тошпулодов, Фарангис Шоҳусейнова, Нуринисо Сироҷова, Саида Султонова, Зулфия Намозова ва  Адолат Очилова  вобаста аст.

Бе шакку шубҳа  театр оинаи зиндагӣ буда,   дар он  мо нуқсонҳои ҷомеаро мебинем. Театр дар рушду нумуи фарҳанги миллӣ саҳми арзанда гузошта, ҷаҳони маънавии моро  ғаниву рангинтар мегардонад.

                                                                         Бахши бойгонӣ-матбуотӣ

 

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code