Бо таваҷҷуҳи Пешвои миллат саноати Кӯлоб рушд меёбад

  Тибқи супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Презиенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзҳои 7-8 августи соли равон Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба шаҳри Кӯлоб ташриф оварда, аз корхонаҳои саноатии шаҳри Кӯлоб ки ва бо иқтидори ночиз кор мекарданд,  дидан намуда, баъд аз он бо иштироки аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолони шаҳр ҷаласаҳои корӣ доир карда шуд. Тибқи дастуру супоришҳои Сарвазири мамлакат корхонаҳои хусусигардонидашуда бояд бо иқтидори пурра  ба кор дароварда шаванд. Тибқи супориши Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи аввал ба ҶСК «Сомон-Кӯлоб-таҷҳизот»-350 ҳазор сомонӣ ва ҶДММ «Комбинати хонасозӣ»-100 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шуд. ҶДММ «Комбинати хонасозӣ»-80 пояҳои барқиро истеҳсол намуда, ба ҶСК «Шабакаҳои барқии шаҳри Кӯлоб» дастрас намуд. ҶСК «Сомон-Кӯлоб-таҷҳизот» бошад 6 нафарро ба кор ҷалб намуда, ба маблағи 120 ҳазор сомонӣ маҳсулотҳои барқӣ истеҳсол намуд.

Сафари кории Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода санаи 7-8 ноябри соли 2018 ба шаҳри бостонии Кӯлоб  барои рушди фаъолияти  як қатор  корхонаҳои саноатӣ шароити мусоид ва саривақтиро  фароҳам овард.

Бо кумаку дастгирии Сарвазири мамлакат корхонаи саноатии ҶСК «Сомон-Кӯлоб-таҷҳизот»  бо муассисаҳои ШСХК “Барқи тоҷик”, ҶСК “НБО Роғун”, “Ширкати Алюминийи Тоҷик” шартномаҳои тарафайн ба имзо расонид. Ҳолати молиявии корхона  беҳтар гардида, ҳар моҳ ШСХК “Барқи тоҷик” ба ҶСК «Сомон-Кӯлоб-таҷҳизот»  ба маблағи 200-300 ҳазор сомонӣ,  ҶСК “НБО Роғун” ҳамасола ба маблағи 2-3 млн сомонӣ маҳсулот фармоиш дода,   КВД “Ширкати Алюминийи Тоҷик” аз ин корхона харидории 40 номгӯи маҳсулоти корхонаро бар душ гирифтааст.

Ҳамзамон  корхона бо Вазорати кишоварзӣ, КВД “Тоҷикагролизинг”, ҶСШП «Агротехсервис»-и шаҳри Ҳисор низ ҳамкориҳои тарафайнро  ба роҳ мемонанд.

Корхонаи чинии ҶДММ «Ресандаи Кӯлоб» низ аз марҳамати Сарвазир бенасиб намонд. Дар доираи ҳамкориҳои байни Тоҷикистону Хитой ҷиҳати васеъ намудани иқтидори истеҳсолии корхона ба ҶДММ «Ресандаи Кӯлоб»  5 млн. доллари ИМА маблағи имтиёзноки қарзӣ дода мешавад.

Дар ҶСК «Комбинати хонасозӣ» ки ба  истеҳсоли симчубҳои барқӣ, новаҳо (лотокҳо), қубурҳои бетонии қутрашон бузург  машғул аст,   баъд аз  сафарҳои Сарвазири мамлакат тағйироти бузурги истеҳсолӣ  ба амал омад.

ҶСК “Шабакаҳои барқи Кӯлоб” дар ҳамкорӣ бо ШСХК “Барқи Тоҷик”, Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ, Кумитаи меъморӣ ва сохтмон, вазоратҳои нақлиёт, маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ, вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон  вазифадор карда шуданд, ки бо ҶСК «Комбинати хонасозӣ» шартномаҳои  ҳамкорӣ ба имзо расонанд.

Роҳбарияти ҶСК «Комбинати хонасозӣ» дар навбати худ  азм дорад, ки ҳаҷм ва номгӯи маҳсулоти истеҳсолшавандаро зиёд намуда,   шумораи кормандонашро ба 200 нафар расонад.

Ҳатто корҳонаҳои ҶСК «Пахтаи Кӯлоб» ва ҶММ Мармариён  (корхонаи равғанбарорӣ), ки солиёни зиёд  фаъолият намекарданд, пас аз сафари навбатии  Сарвазири мамлакат ба ҷунбиш даромадаанд. Соҳибмулки корхонаҳои номбаршуда акнун ният дорад, ки то моҳи марти соли 2019   200  ҷойи корӣ ташкил намояд.

Таъмиру азнавсозии боғҳои фарҳангиву фароғатии шаҳри Кӯлоб   низ аз масъалаҳои муҳиме  маҳсуб меёбад, ки  дар баромади Сарвазири мамлакат махсус қайд гардид.   Ба муовини раиси шаҳр оид ба сохтмон, Шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳр супорида шуд, ки  дар ҳамкорӣ бо Кумитаи меъморӣ ва сохтмон лоиҳаҳои замонавии боғҳои фарҳангӣ-фароғатии марказии шаҳр, аз ҷумла боғи фарҳангӣ-фароғатии шаҳр, 15- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, боғи  ба номи Исмоили Сомонӣ, боғи КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон”, боғи  ба номи Саидҷон Назаров ва Сафар Амиршоевро  барои азнавсозӣ омода намоянд.

Тибқи супориши Сарвазири мамлакат боғи фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Кӯлоб  аз ҷониби КВД “Ширкати Алюминийи Тоҷик” таъмиру азнавсозӣ карда шуда, ба талаботи замони муосир мутобиқ гардонида мешавад.

КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” дар шаҳри Кӯлоб дар ҳамкорӣ бо КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” тибқи лоиҳа боғи назди КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” дар шаҳри Кӯлобро ободу зебо хоҳанд гардонид.

Боғи фарҳангии 15-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида ба тавозуни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ гузаронида шуда,  Донишгоҳи давлатии Кӯлоб  аз рӯи лоиҳа азнавсозии онро мутобиқ ба талаботи замони муосир ба роҳ мемонад.

Боғи дигар ин боғи ба номи Исмоили Сомонии шаҳри Кӯлоб мебошад, ки аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон  таҷдид ва навсозӣ мегардад. Ҳамзамон боғҳо аз иншоотҳои ғайриқонуние, ки дар  ҳудуди гулгашт ва боғҳои фарҳангӣ – фароғатии шаҳр сохта шудаанд, озод карда мешаванд.

Сокинони шарафманди шаҳри Кӯлоби бостонӣ аз иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва супоришҳои  Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам  Қоҳир Расулзода  изҳори қаноатмандӣ  намуда,  ба шаҳри бузурги саноатӣ ва ҳамчун шаҳри Душанбе зебову замонавӣ мубаддал шудани шаҳри Кӯлоб итминони комил  доранд.

 Сулаймон Султон –мудири бахши бойгонӣ-матбуотии шаҳри Кӯлоб

 

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code