Назарзода бо супориши Кабирӣ табаддулот карда буд

Бо вуҷуди заифу нотавон гардидан ва дар назди мардуми кишварамон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ расво шудани ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ, роҳбарону фаъолони фирории он амалҳои палидона ва душманонаи худро нисбат ба Тоҷикистон қатъ намекунанд. Ҳолати мазкур бори дигар исбот мекунад, ки наҳзатиҳо неруи мустақил набуда, аз ҷиҳати моддию маънавӣ вобастаи доираҳои манфиатдори хориҷӣ мебошанд ва дастуру супоришҳои онҳоро иҷро менамоянд. Дар баробари ин, наҳзатиҳо бо таълиф ва нашри матлабҳои иғвоангезона ва туҳматомез кўшиш мекунанд, ки худро сафед карда, Ҳукуматро айбдор намоянд. Мақолаи «Ногуфтаҳо ва ибҳомоти ҳаводиси сентябри 2015», ки дар яке аз сомонаҳои наҳзатӣ нашр гардидааст, мисоли гуфтаҳои болост.
Муаллифи наҳзатӣ дар ин матлабаш менависад, ки гўё оид ба ҳаводиси сентябри соли 2015 маълумоти зидди ҳам ва ношаффоф мавҷуданду барои коршиносону таҳлилгарон саволҳоеро пеш оварда бошанд. Эҳтимол вай коршиносону таҳлилгарон гуфта, худи фаъолони наҳзатиро дар назар дорад. Зеро дигарон дар бораи ин воқеаҳо, сабабҳо ва натиҷаи он маълумоти дуруст доранд. Мақомоти дахлдори Тоҷикистон баъди пешгирии табаддулоти мазкур ва ба ҷавобгарӣ кашидани он ҷинояткорон ба таври пурра ва шаффоф тавассути тамоми расонаҳои хабарӣ ба мардум иттилоъ додааст. Гунаҳкорон ба гуноҳи худ иқрор шудаанд, дар асоси далелҳою санадҳои раднопазир мақомоти судии Тоҷикистон ҳукми онҳоеро, ки дар ин табаддулот даст доштанд, баровардааст.
Онҳое ки барои даст доштан дар ин табаддулот ба ҳабс гирифта шудаанд ё фирор кардаанд, фаъолони сиёсӣ набуданд, балки ҷинояткорону хоинон буданд, ки мақсади ғасби ҳокимиятро доштанд. Тамоми ҳизбҳои дигари Тоҷикистон озодона фаъолият доранд, аммо ТТЭ ҲНИ ин ҳизби маъмулӣ нест, балки як ташкилоти террористии мамнуъ мебошад. Маҳз баъди мамнуъ гардидани ТТЭ ҲНИ дар Тоҷикистон фазои комили амну ором ҳукмфармо шуда, кишвар босуръат тараққӣ мекунад. Муаллифи мақолаи наҳзатӣ бисёр воҳима кардааст, ки гўё кўшиши табаддулоти Назарзода ба самти сиёсати хориҷии Тоҷикистон таъсир карда бошад. Ба ҳама маълум аст, ки Тоҷикистон сиёсати дарҳои бозро пеш гирифтааст ва бо тамоми кишварҳои ҷаҳон муносибати ҳамкории мутақобилан судмандро ба роҳ мемонад. Арабистони Саудӣ ҳам яке аз кишварҳоест, ки бо Тоҷикистон дар соҳаҳои гуногун ҳамкорӣ дорад ва аз ягон афзалияти хосе бархурдор нест. Аммо сабаби то андозае сард будани муносибатҳо бо ҶИЭ маҳз ҳамин ТТЭ ҲНИ аст, ки мутаасифона аз ҷониби баъзе доираҳои манфиатдори ин кишвар дастгирӣ ёфтааст.
Муаллифи наҳзатӣ аз Назарзода шахси дурусту қаҳрамон тарошиданӣ шуда, суханони дўсти худӣ вай – Абдусаттор Бобоевро мисол меорад, ки хандаовар аст. Охир маълум аст, ки Абдусаттор Бобоев агар дўсту ҳаммаслакаш бошад, ба ғайр аз таъриф гапи дигаре намегуяд. Вай аз ҷумла, Ҳоҷӣ Ҳалим Назарзодаро ватанпарасту боътимод меҳисобад, ки хеле нафратовар аст. Ё шояд Назарзода ба ҷойи Тоҷикистон ягон ватани дигарро мепарастид? Ё боэътимод на барои давлати Тоҷикистон, балки барои Кабирӣ буд?
Дар мақолаи мазкур суханони Кабирӣ ҳам оварда шудааст, ки фарқ доштани кудатои Назарзодаро аз тамоми табаддулотҳои дигари ҷаҳон таъкид мекунад ва бо ин роҳ мехоҳад мардумро ба гумроҳӣ бараду дурустии амали мақомоти давлатиро дар он маврид зери шубҳа қарор диҳад. Аммо ин суханбозиҳо дигар фоидаашон намекунад. Онҳо ҷиноятро содир кардаанд ва ҳама инро медонад. Дар асл, табаддулоти Назарзода албатта ҷиҳатҳои фарқкунандаи худро дошт. Масалан, исбот шудааст, ки худи вай дар ин амалаш хуҷаин набуд, балки дастури хоҷаҳои хориҷии наҳзатиён ва супориши Кабириро иҷро мекард. Дар иҷрои ин амал мустақил ки набуд, эҳтимолан аз ҳамин сабаб фурсати гурезондани наздиконашро ҳам наёфт. Зеро чунин имкониятро Кабирӣ ба вай надодааст. Барои роҳбари наҳзатӣ, ки ба резондани хуни ҳазорон нафар қодир аст, тақдири хешони Назарзода чӣ аҳмият дошта метавонист?
Бар хилофи навиштаи муаллифи наҳзатӣ, Назарзода фармондеҳи ботаҷрибаю коркушта набуд, балки нафари ҷинояткору сарватманде буд. Маълум мегардад, ки дар вақташ ҳам роҳбарияти наҳзатӣ уро на ба хотири фармондеҳи ботаҷриба будан, балки барои пулдор буданаш аз ҳисоби квотаи сифоизаашон пешниҳод кардаанд. Бо вуҷуди ин вай давоми солҳои зиёд зоҳиран худро афсари вафодори ватан вонамуд карда, дар асл интизори фармони хуҷаинонаш будааст, ки зидди давлату миллат амал кунад. Вай агар имконият меёфт, ҳатман ҳокимиятро ғасб мекард ва ҳазорон нафарро қатл мекард. Танҳо дар натиҷаи фаъолияти муваффақонаи сохторҳои қудратӣ вай маҷбур шуд ба дараи Ромит фирор кунад.
Умуман, ин худсафедкуниҳо ва дигаронро айбдор сохтанҳои наҳзатиҳо нафрати мардумро нисбати онҳо бештар мекунад. Зеро мамнуъ гардидану террористӣ эълон шудани ҲНИ дар асоси санаду далелҳо сурат гирифтааст. Тамоми шаҳрвандони кишвар шоҳиди ҷинояткорию бедодгариҳои наҳзатиҳо буданд, ки сангинтаринаш ҳамон кўшиши табаддулоти низомӣ буд.
Бояд таъкид кард, ки баъди мамнуъ эълон шудани ТТЭ ҲНИ ягон сокини кишварамон ба тарафдории онҳо садо баланд накардааст, баръакс ҳама аз ин амал изҳори қаоатмандӣ намуда буданд. Он замон ҳатто аъзоёни худи ТТЭ ҲНИ гурўҳ – гурўҳ аз он хориҷ шуданд.
Ҷойи ягон хел шаку шубҳа нест, ки табаддулоти Назарзода бо супориши роҳбари ТТЭ ҲНИ Кабирӣ сурат гирифта буд. Иштирокчиёни ҳамин кудато худашон иқрор шудаанд, ки бо пулҳои Кабирӣ ва супориши вай чунин ҷиноятро содир кардаанд. Барои ҳимояи Назарзода талош кардану аз вай қаҳрамон тарошидани наҳзатиҳо ҳам як далели ҳаммаслаку дар он табаддулот шарик будани онҳост.

Далери Султон,
таҳлилгар

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code